Баргузории ҷаласаи васеи ҷомеаи меҳнатии ДДҲБСТ
17 феврали соли 2024 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҷаласаи васеи ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ доир гардид. Дар кори ҷаласа ректор, муовинони ректор, деканони факултетҳо, роҳбарони сохтору бахшҳо ва устодону кормандони донишгоҳ иштирок намуданд.
Дар ҷаласа фаъолияти самтҳои таълиму илм, тарбияву байналмилалӣ ва молиявиву хоҷагидории донишгоҳ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
Дар оғоз, ректори донишгоҳ Ҳомид Ҳошимзода вазъи таълим дар донишгоҳро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод. Роҳбари донишгоҳ бо таҳлилу баррасӣ камбудиҳои ҷойдоштаро дар ин самт таъкид намуда, ҷиҳати бартараф намудани он ба раёсати таълим, бахши идоракунии сифати таҳсилот, деканони факултетҳо ва мудирони кафедраҳо супоришҳои мушаххас дод.
Ҳошимзода Ҳ.Ҳ. дар самти корҳои илмиву таҳқиқотӣ таъкид кард, ки бояд ҳар нафари дар донишгоҳ фаъолиятбаранда корҳои илмӣ анҷом диҳад. Аз иштирокчиёни ҷаласа даъват ба амал овард, ки ҳарчи зуддат мавзӯҳои кори илмии хешро пешниҳод ва тасдиқ намуда, дар муддати муайянгардида ҳимоя намоянд.
Масъалаи дигаре, ки роҳбари донишгоҳ ба он таваҷҷуҳ намуд фаъолияти самти тарбиявии донишгоҳ буд. Иброз шуд, бояд донишҷӯён ба таври ҳамешагӣ талаботу қоидаҳои дохилидонишгоҳиро иҷро намоянд. Бо сару либоси тавсиявӣ омадани донишҷӯён, дермонӣ дар машғулиятҳо, муносибати устоду шогирд, дарсшиканӣ, ҷалби донишҷӯён ба чорабиниву маҳфилҳои гуногуни омӯзишӣ ва тарбияи ахлоқиву баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии онҳо аз масъалаҳои дигари мавриди таҳлил дар кори ҷаласа буд.
Дар самти ҳамкориҳои байналмилалӣ таъкид шуд, ки табқи шартномаҳои баимзорасида бо ҳамкорони байналмилалӣ, фаъолият густариш бахшида шуда, ҷиҳати дарёфт ва татбиқи лоиҳаҳои грантӣ кӯшиш ба харҷ диҳанд.
Роҳбари донишгоҳ зимни таҳлили самти молиявиву хоҷагидории донишгоҳ таъкид намуд, ки бояд ба таври ҳамешагӣ ба корҳои ободониву кабудизоркунӣ диққат дод. Ҷиҳати тақвияти корҳои созандагӣ ва насби шиору овезаҳо дар саҳн ва атрофи биноҳои донишгоҳ масъулин вазифадор шуданд.
Ҷаласа бо мулоҳизаронӣ ва вазифагузориҳо хотима ёфт.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа