Муаррифии ДДҲБСТ ба хатмкунандагони ноҳияи Шаҳристон
Дирӯз роҳбарону намояндагони донишгоҳу донишкадаҳои вилояти Суғд бо хатмкунандагони мактабҳои ноҳияи Шаҳристон мулоқот намуда, муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хешро муаррифӣ карданд.
Ибтидо, раиси ноҳияи Шаҳристон меҳмононро шодбош намуда, қайд кард, ки ин мулоқот фурсати хубест барои хатмкунандагон ҷиҳати гирифтани маълумоти лозима дар бораи донишгоҳу донишкадаҳои вилоят.
Ӯ аз хатмкунандагон даъват кард, ки ҳатман ба донишгоҳҳо дохил шуда, соҳибихтисос гарданд.
Дар ин мулоқот Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Тӯрақул Ризоқулов муаррифӣ намуд.
Таъкид шуд, ки ДДҲБСТ ба даҳонаи беҳтарин муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил буда, дорои базаи мустаҳками моддиву техникӣ мебошад.
Барои муҳассилин дар донишгоҳ синфхонаҳои барҳаво, лабораториву марказҳои омӯзишӣ ва хобгоҳу маҷмааи варзишӣ бо шароити муосир муҳайё мебошад.
Ба донишҷӯён омӯзгорони соҳибтаҷриба ва дорои унвонҳои илмӣ аз рӯи 41 ихтисос дарс мегӯянд.
Хатмкунандагони мактабҳои ноҳияи Шаҳристон бо таваҷҷуҳи хоса аз роҳбарияти ДДҲБСТ перомуни ихтисосу имтиёзҳо ва маблағи шартнома саволҳо дода, посухҳои мушаххас гирифтанд.