Таҷрибаомӯзии педагогии донишҷӯёни донишгоҳ

Ба талаботи муосир ҷавобгӯ омода намудани омӯзгорон ва ба ин васила пурра бо кадрҳои соҳибихтисос таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа хеле муҳим ва саривақтӣ мебошад.
Раванди таҷрибаомӯзии педагогӣ аз муҳимтарин воситаи тайёрии касбии донишҷӯён ба ихтисоси интихобнамудаашон- касби омӯзгорӣ ба шумор меравад.
Раёсати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо назардошти ин ҷиҳати самаранок ва дар сатҳи баланд ба рох мондани марҳилаи таҷрибаомӯзӣ чораандешӣ менамояд.
Тибқи нақшаи таълимӣ донишҷӯёни курси 4-уми ихтисосҳои таърих, ихтисоси иловагӣ (асосҳои давлат ва ҳуқуқ) дар Гимназияи 24 ба номи Бобоҷон Ғафуров, ихтисоси математика, инфарматика дар литсейи ДДҲБСТ ва ихтисоси забони англисӣ дар мактаби 22 ба номи Ҷ. Расулови шаҳри Хуҷанд таҷрибаомӯзии омӯзгории худро гузаронида истодаанд.
Дар баланд бардоштани таҷрибаомузӣ нақши омӯзгорон хеле муҳим арзёбӣ мегардад. Марҳила ба марҳила сафарбар намудани донишҷӯён ба таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва касбӣ имкон медиҳад, ки онҳо донишҳои андӯхтаашонро дар амалия татбиқ намуда, соҳибтаҷриба гарданд ва фаъолияташро пас аз хатм дар мактабҳо идома диҳанд.
Ҳадаф аз таҷрибаомӯзии педагогӣ ҳамчун шакли муҳими ташкили таълим бар он равона гардидааст, ки донишҷӯён ҳамчун мутахассисони оянда дар раванди таълиму тарбия дар мактаб донишҳои илмӣ-назарявии аз рӯи ихтисос азбарнамудаашон, инчунин малакаҳои андӯхтаашонро дар робита ба фанҳои методикаи таълим, педагогика ва психология дар амал эҷодкорона истифода баранд ва онҳоро такмилу инкишоф диҳанд.

You might also like