Маърифати ҳуқуқии ҷавонон ва мубориза ба падидаҳои номатлуб

Имрӯз, санаи 14 январи соли равон дар маҷлисгоҳи бинои таълимии №2-и Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мулоқоти намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд вобаста ба таъмини иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ҳамзамон масъалаҳои умдаи ҷомеа, аз қабили пешгирии пошхӯрии оилаҳо, зуҳуроти номатлуб, ҷиноятсодиркунӣ, нашъамандӣ, худкушиву сӯиқасд ба ҷони худ, шомилшавии занону духтарон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва тарғиби либоси миллӣ донишгоҳҳои олӣ ва миёнаи махсус, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо устодону донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид.

Мулоқот тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Раиси вилояти Суғд доир шуда, дар он намояндагони раёсати кор бо занон ва оилаву шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои МИҲД – и вилояти Суғд, раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят, раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар дар вилояти Суғд иштирок ва вобаста ба масъалаҳои болозикр баромад намуданд.

Ҳадафи баргузории вохӯрӣ пешгирии амалҳои номатлуб байни ҷавонон ва ба роҳи дуруст ҳидоят намудани онҳо арзёбӣ гардид.

You might also like