Арҷгузорӣ ба забони давлатӣ дар донишгоҳ

Санаҳои 15 -17 январи соли 2024 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҷиҳати эҳтиром ва арҷгузорӣ ба яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ -забон семинари методӣ дар мавзӯи “Имлои забони тоҷикӣ ва риояи он дар таҳияи маводи илмӣ ва таълимию методӣ” ташкилу баргузор гардид.
Дар семинари методӣ муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, д.и.и., профессор Тӯрақул Ризоқулов , муовини раиси комиссияи татбиқи қонуни забон, д.и.ф., профессор Шокириён Туғрал, сардори раёсати таълим н.и.и., дотсент Далер Тоҷзод, мудири нашриёти “Дабир”-и донишгоҳ н.и.ф., дотсент Нурихон Охунҷонова, мудири кафедраи забони тоҷикӣ н.и.ф., дотсент Шавкат Рустамов, дотсентони кафедраи забони тоҷикӣ Кенҷаев Ю., Раҳматова Д.А. ва сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсус Мирпочоев И. иштирок карда, маърӯзаҳои пурмӯҳтаво намуданд.
Дар оғоз таъкид шуд, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар баромаду суханрониашон ба забони давлатӣ, яъне забони тоҷикӣ таваҷҷӯҳи хоса дода, дар яке аз суханрониҳо дар бораи гиромидошти забони давлатӣ чунин иброз намуда буданд: «Забон рукни асосии миллат ва давлат аст. Миллату давлат соҳиб ва пуштибони забонанд, забон омили асосии рушду камоли миллат ва давлат аст. Ин аст, ки забон ва давлату миллат дар паноҳи якдигаранд”.
Сипас, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, д.и.и., профессор Ризоқулов Т.Р. таъкид намуд, ки ташкили чунин чорабиниҳо саривақтӣ ва амри зарурӣ аст. Зеро устодони донишгоҳ бояд барои татбиқи Қонуни забони давлатӣ ва риояи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ кӯшиш намоянд. Ӯ қайд кард, ки ҳанӯз ҳам ҳолатҳои ба пуррагӣ риоя нагардидани қоидаҳои имло дар машғулиятҳо, китобҳои дарсӣ ва ғайраҳо ба назар мерасанд.
Дар идома, муовини раиси комиссияи татбиқи конуни забон, д.и.ф., профессор Шокириён Туғрал Сироҷ ба сухан баромада, афзуд, ки мо ифтихор дорем, ки соҳиби чунин забони ширину гўшнавози қадимӣ ва пурғановат, забони илм ва шеъру адаби оламгир ҳастем, бояд ба қадри он расем. Ҳамчунин, дар гузориш доир ба тарзи навишти дурусти баъзе вожаҳои забони тоҷикӣ андешаҳои ҷолибро баён кард.
Мудири нашриёти “Дабир” номзади илмҳои филологӣ, дотсент, Нурихон Охунҷонова доир ба масъалаи “Роҳ надодан ба ғалатҳо дар таҳияи мақолаҳои илмӣ, комплекси таълимӣ – методӣ ва дастурҳои таълимӣ” маърӯза намуда, доир ба усули таҳияи мақолаҳои илмӣ андешаронӣ кард. Мавсуф дар идомаи суханаш афзуд, ки ҳар як шаҳрванди тоҷик дар татбиқ ва риояи қоидаи имлои забони тоҷикӣ ва аломати китобатии забони тоҷикӣ бетараф набошад ва сиёсати маънавибунёди Пешвои муаззами миллатро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, барои пешрафти илму маърифат ҳиссаи арзандаи хешро гузорад.
Мудири кафедраи забони тоҷикии донишгоҳ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, Шавкат Рустамов дар мавзӯи “Намунаҳои ғалатҳои маъмул ва ғайримаъмул дар мавод ва мақолаҳои илмию методӣ”, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи забони тоҷикӣ Кенҷаев Ю. доир ба “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва татбиқи он”, мавқеи ҳарфи “у” ва “ӯ”, аломати сакта “ъ” ва дигар масъалаҳои имлои забони тоҷикӣ баромад намуданд.
Дар анҷоми семинари методӣ аз ҷониби муҳаққиқони ҷавон оид ба қоидаи имлои забон бо мутахассисон табодули афкор сурат гирифт.

You might also like