ДДҲБСТ: Баргузории конференсияи вилоятии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Паёми Пешвои миллат – дурнамои рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

04 январи соли 2024 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон конференсияи вилоятии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Паёми Пешвои миллат – дурнамои рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол” баргузор гардид.
Дар кори ҳамоиши вилоятӣ мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонзода, сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Бахтиёр Исматҷонов, кормандону устодон ва ҷавонони фаъол иштирок намуданд.
Дар оғоз, муовини ректор оид ба корҳои таълими донишгоҳ Ҳаким Ғаюров конференсияи вилоятиро ифтитоҳ намуда, меҳмононро муаррифӣ кард ва иброз дошт, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат фарогири ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат буда, ба рушди тамоми соҳаҳо ва зиндагии шоистаи мардуми сарбаланди мамлакат равона шудааст.
Дар идомаи кори ҳамоиш мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонзода баромад кард, иброз дошт ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи мукаммалест, ки фаъолияти Ҳукумати мамлакат, тамоми идораву корхонаҳои ҷумҳуриро натиҷагирӣ карда, ба рушди минбаъдаи он заминаи мусоид мегузорад.
Дар идомаи конференсияи вилоятӣ маърӯзаҳои сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Бахтиёр Исматҷонов таҳти унвони “Дастгирии давлатии ҷавонон дар Тоҷикистон”, мудири кафедраи ҳуқуқи гражданӣ ва меҳнатии ДДҲБСТ Ғолибҷон Санавваров бо номи “Аҳамияти эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, дотсент, раиси шӯрои олимони ҷавони вилояти Суғд Шӯҳрат Саидзода дар мавзӯи “Масъалаи рушди маориф ва илм дар Паёми Пешвои миллат”, раиси шурои олимони ҷавони ДДҲБСТ Ҳасанова Муҳиба таҳти номи “Татбиқи ҳадафҳои стратегӣ – омили баланд гардидани сатҳи некӯаҳволии шаҳрвандон” шунида шуд.
Зимни баромадҳо зикр гардид, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» метавон ҳамчун санади муҳимми таърихӣ баҳогузорӣ намуд, ки бо иҷрои тамоми вазифаҳои дар он гузошта ҷумҳурии мо дар соли 2024 – соли бузургдошти сисолагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва шукуфоии ҳаёти мардуми он қадамҳои боз ҳам устувор мегузорад.
Конфронси вилоятии илмӣ -назариявӣ таҳти унвони “Паёми Пешвои миллат – дурнамои рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол” бо саволу ҷавоб ва мулоҳизаҳои иштирокчиён анҷом ёфт.

You might also like