ДДҲБСТ: Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон – омили таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ

Санаҳои 12-13 декабри соли 2023 дар факултетҳои сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ, технологияҳои инноватсионӣ ва баҳисобгирии бухгалтерӣ, бизнес ва иқтисодиёти байналмилалии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон тибқи Нақшаи муштараки баргузории силсилаи мулоқоту вохӯриҳои сохторҳои дахлдор дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон таҳти унвони “Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон – омили таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ” хониши сиёсӣ ташкилу баргузор гардид.
Дар хониши сиёсӣ муовини раиси филиали Итифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд Фирдавс Фахриддинзода, мудири шуъбаи корҳои тарбияи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Маъруфҷон Ҳасанов, деканони факултетҳо, муовинони декан оид ба корҳои тарбия, донишҷӯёни факултетҳо ширкат варзиданд.
Ҳамзамон бо мақсади омӯзиши муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, татбиқи самтҳои афзалиятноки Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва дар амал татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 1 июни соли 2021 дар бораи “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризму экстремизм барои солҳои 2021 – 2023”, пешгирии шомилшавии ҷавонон аз ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву сиёсии ҷавонон ва ба ин васила тарбия намудани онҳо дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва эҳтиром ба муқаддасоти милливу давлатӣ сухан рафт.

You might also like