Баргузории Мурофиаҳои судӣ баҳри татбиқи донишҳои назариявӣ ба амалӣ

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи донишҳои назариявии донишҷӯён ба амалия тадбирҳои зарурӣ андешада мешавад. Дар ин замина дар маҷлисгоҳи факултети ҳуқуқшиносии донишгоҳ бо ташаббуси кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ суди сайёр баргузор гардид. Дар он донишҷӯёни курсҳои 1 ва 4 уми шуъбаи рӯзона иштирок намуданд. Раисикунандаи Маҷлиси судӣ судяи Суди ш. Хуҷанд, Дӯстзода М.Т., айбдоркунандаи давлатӣ, ёрдамчии калони прокурори ш. Хуҷанд Нурматзода А. котиби маҷлиси судӣ Шарифзода М. буданд. Дар маҷлиси суди сайёр, судшаванда бо моддаи 307 иловаи 3 қисми 2, КҶҶТ ба ҷавобгарӣ кашида шуд.
“Мо хостем, ки донишҷӯёни мо ба ин маҷлиси судӣ иштирок карда бубинанд, ки ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро шомил шудан ва ҷонибдорӣ намудан чӣ ҷавобгарӣ дорад” иброз намуд, дотсент Очилова Ф.А.
Ҳамчунин, дар толори судии факултети ҳуқуқшиносӣ мурофиаи судии ҷиноятӣ бо иштироки донишҷӯён доир шуд.Ҳадаф аз гузаронидани маҷлиси мурофиавии судии ҷиноятӣ ин мустаҳкам намудани донишҳои амалии донишҷӯён, мустақилона аз худ намудани барномаи таълимии фанни мурофиаи ҷиноятӣ ва иҷро намудани супоришҳои пешбинишуда дар ҷараёни таълим арзёбӣ мешавад.
Ёдовар мешавем, ки донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносӣ дар баробари баргузории чунин мурофиаҳои омӯзишӣ бештар таҷрибаомӯзии хешро дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гузаронида дар маҷлисҳои мурофиаи судӣ иштирок менамоянд ва ба ин васила мутахассисони соҳибкасб мегарданд.

You might also like