Ҷамъбасти курси такмили ихтисоси омӯзгорони равияи ҳуқуқшиносӣ дар ДДҲБСТ

Баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи касбии омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди ДМТ маҳсуб меёбад.
Дар доираи нақшаи фаъолияти донишкада курси такмили ихтисоси тахассусӣ аз рӯйи равияи ҳуқуқшиносӣ, ки барои омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилояти Суғд дар Маркази таҳсилоти рақамии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ташкил шуд, тайи як моҳ идома ёфт ва санаи 08.12.2023 ба итмом расид. Барои тадрис олимони соҳибмактаб ва соҳибунвон аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҷалб шуда буданд.
Пас аз хатми бомуваффақонаи курси мазкур омӯзгороне, ки нақшаи таълимиро пурра аз бар намуданд, санаи 09.12.2023 аз ҷониби директори донишкада, профессор Х. Мирзамонзода бо гувоҳномаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Раёсати ДТИОМТОК назди ДМТ барои фароҳам овардани шароити мусоид ва баргузории курси мазкур ба раёсати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон изҳори сипос намуданд.

You might also like