Ғамхории донишҷӯён нисбати калонсолон

Дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ва ғамхорӣ нисбат ба онҳо дар шароити кунунӣ яке самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ҷиҳати таъмини ҳифзи иҷтимоии кулли аҳолии мамлакат пайваста зоҳир намудани иқдомҳои хайрхоҳона, мунтазам ошноӣ аз рӯзгори ятимону бепарасторон ва муҳайё намудани шароити зисти онҳо баёнгари ҳамин нукта мебошад.
Боиси таъкид аст, ки раёсати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар ин раванд тадбирҳои амалӣ меандешад. Санаи 08 декабри соли 2023, донишҷӯёни соли аввал бо роҳбарии сарпарасти гурӯҳ Акилова М. М. ба хонаи пиронсолони шаҳри Хуҷанд баҳри аҳволпурсӣ ва аёдати пиронсолон рафта ба онҳо хӯрокаву шириниҳо тақдим намуданд.
Мақсади аз ин иқдом ин ҷалб намудани ҷавонон ба хайрхоҳӣ, дастгирии пиронсолону маъюбон ва гузоштани эҳтиром ба онҳо маънидод мегардад.
Пиронсолон аз ин ташрифи донишҷуён хеле хурсанд шуда ба онҳо, садорати факултети ҳуқуқшиносӣ ва волидони донишҷӯён изҳори сипос ва хурсанди намуда, дар ҳаққи ҷавонон дуои хайр карданд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

 

You might also like