Иштироки донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносӣ дар озмуни миллии мурофиаи судӣ.

8 декабри соли 2023 бо ташаббуси Барномаи рушди Созмони Миллали Муттаҳид ва дар доираи лоиҳаи “Волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолати судӣ” як гурӯҳ донишҷӯёни курси 4-уми факултети ҳуқуқшиносии ДДҲБСТ Бониёззода Б., Мирпочоева М., Файзуллоева Х., Ғаффорова А., Юсупов Ф.бо роҳбарии омӯзгорон Ҳомидова М.Ф. ва Иноятова А.И. дар озмуни миллии мурофиаи судӣ, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, иштирок намуда, сазовори ҷойи дуюм гардиданд.
Озмуни мазкур байни Муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда, мақсади он аз муайян намудани сатҳи донишандузии донишҷӯён дар самти мурофиаи судӣ ба ҳисоб меравад.
Донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносӣ дар даври финалӣ бо донишҷӯёни Донишгоҳи Славянии Русияву Тоҷикистон қувваозмоӣ намуда, маҳорату малака ва сатҳи дониши худро нишон дода, бо сертификат ва диплом қадршиносӣ гардиданд.

You might also like