Баргузории ҷаласаи корӣ бо иштироки сарпарастон ва сардорони гуруҳҳои таълимии факултети сиёсатшиносӣ ва муносбатҳои байналхалқӣ

Дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҷаласа бо иштироки садорат ва устодону донишҷӯёни факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ таҳти раёсати ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода баргузор гардид.
Ректори донишгоҳ Шарифзода М.М. зимни баромади хеш оид ба иштироки донишҷӯён ба дарсҳо, пардохти маблағи таҳсил аз ҷониби донишҷӯён, баланд бардоштани масъулияти сарпарастони гуруҳҳои таълимӣ ва роҳбарони гуруҳҳо, саривақт сабақгардонӣ намудани соатҳои ғоиби донишҷӯён дар машғулиятҳо, пешниҳоди донишҷӯёни фаъол, аз ҷумла ғолибони озмунҳо ва олимпиадаҳои фанниву мусобиқаҳои варзишӣ барои ҳавасмандгардонӣ ибрози ақида намуданд.
Ҳамзамон, ректори донишгоҳ профессор Шарифзода М.М. аз шомилшавии баъзе аз ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ изҳори нигаронӣ карда, афзуд, ки омили асосии гаравиши ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ ва даст ба ҷинояту қонуншиканӣ задани онҳо ин сатҳи пасти дониши диниву дунявӣ ва сиёсӣ, тафаккур ва шуури номукаммалӣ онҳо мебошад ва ин амали онҳо ба нуфуз ва шаъну шарафи давлату миллат ва макони таҳсилашон иснод меорад.
Аз ин рӯ, бо мақсади дар руҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ, хештаншиносӣ, инсондӯстӣ тарбия намудани донишҷӯён, ҳидоятнамоии онҳо ба омӯзиши илмҳои гуногун, роҳнамоӣ ба ҳаёти солиму созанда ва пешгирӣ аз шомилшавии онҳо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва падидаҳои номатлуби иҷтимоӣ дар байни ҷомеа, омода намудани ҷавонони эҷодкор ва ҷалб намудани таваҷҷуҳи донишҷӯён ба масоили мубрами сиёсӣ бояд ҳар яки мо тадбирҳои амалиро роҳандозӣ намоем.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like