Таҷлили Рӯзи волонтиёрон дар донишгоҳ

Ҳамасола 5 декабр дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии волонтёрон таҷлил мегардад. Ба ин муносибат дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон чорабинӣ доир шуд. Дар чорабинӣ мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд, ҷавонони фаъол ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд Абдувосид Ғафуров ва мудири шуъбаи корҳои тарбия донишгоҳ Махруфҷон Ҳасанов баромад намуданд. Иброз шуд, ки Рӯзи волатиёрон аз тарафи Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид соли 1985 пешниҳод шуда, аз ҳамон сол инҷониб он ҳамчун иди расмӣ мақоми байналмилалиро пайдо кардааст. Қайд шуд, ки дар Тоҷикистон солҳои охир фаъолияти ихтиёриён ва ё волонтёрӣ рушд намудааст.Солҳои охир мушоҳида мегардад, ки аксарияти чорабиниҳои сатҳи маҳаллӣ, минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ бо кумак ва иштироки фаъолонаи волонтёрон сурат мегиранд.
Дар идомаи чорабинӣ ба донишҷӯёне, ки дар корҳои ҷамъиятиву чорабиниҳои сиёсӣ фаъоланд, Сипосномаву Ифтихорномаҳо тақди шуд. Барномаи адабию фарҳангӣ, ки аз шеъру сурудҳои ватандӯстона иборат буд ба чорабинии Рӯзи байналмилалии волантиёрон ҳусни анҷом бахшид.
Ҳамчунин дар ин рӯз дар маҷлисгоҳи бинои таълимии №2-и донишгоҳ мизи мудаввар таҳти унвони “Волонтёрӣ – мактаби бузурги худташаккулдиҳӣ” бахшида ба Рӯзи байналмилалии волонтёрон доир гардид.

You might also like