Мизи мудаввар иштирокчиёни озмунҳои ҷумҳуриявиро сарчамъ намуд

05 декабри соли 2023 дар бинои Маркази таҳсилоти рақамии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо ташаббуси раёсати корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва рушди инноватсионӣ дар ҳамкорӣ бо факултети технологияҳои инноватсионӣ ва баҳисобгирии бухгалтерӣ мизи мудаввар оид ба имкониятҳои илмию инноватсионии донишгоҳ бо иштироки ғолибони озмунҳои вилоятию ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар перомуни имкониятҳои донишгоҳ баҳри дастгирӣ ва иштироки донишҷӯён дар озмуну олимпиадаҳои донишгоҳӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ сухан рафт. Дар ин чорабинӣ инчунин ғолибони озмуни “Илм фурӯғи маърифат” донишҷӯи курси чорум Ҳайдаров М. ва донишҷӯи курси дуввум Лутфуллоева М. ва ғолибони озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ …” коргузории кафедраи забони русӣ Ғаниева Н.А., донишҷӯи курси сеюми факултети ҳуқуқшиносӣ Мадалиева Ш. ва донишҷӯи курси дуввуми факултети молия Ҳасанова М. иштирок намуда, оиди дастовардҳои худ ва омодагӣ ба озмунҳо маълумот доданд. Инчунин қайд карда шуд, ки барои иштирок дар озмуну олимпиадаҳо дастгирии раёсати донишгоҳ назаррас мебошад.

You might also like