РОҶЕЪ БА МАСЪАЛАИ КИБЕРТЕРРОРИЗМ ВА МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ОН

Дар замони муосир мо раванди босуръати ҷаҳонишавиро мушоҳида мекунем, ки бо баробари он соҳаи илму техника низ зуд рушд намуда истодааст. Бо баробари рушди технологияҳои  компютерӣ, ки воситаи асосии паҳн кардани иттилоот мебошад,  маълумотҳои бардурӯғ низ ба шабакаи интернетӣ паҳн мешаванд. Сол аз сол сафи истифодабарандагони шабакаи умумиҷаҳонӣ дар таммоми ҷаҳон афзуда истодааст, ки имрӯз миқдори онҳо ба зиёда аз 3,4 миллиард нафар мерасад.

Имрӯз намуди нави терроризм бо номи кибертерроризм хатари навест, ки ба тамоми давлатҳои ҷаҳон таҳдид мекунад, ки гурӯҳҳои террористӣ барои расидан ба мақсадҳои ифротгароии худ компютер ва шабакаҳои иҷтимоиро васеъ истифода мебаранд.  Барои ба мақсадҳои ғаразноки худ расидан кибертеррористон мутахассисони соҳаи техникиро, яъне хакеронро истифода мебаранд, ки онҳо шабакаҳои муайянро шикаст дода иттилоотҳои махфиро ба даст меоранд ва зидди сиёсати давлатҳои муайян равона мекунанд. Ҷинояткорон – кибертеррористон бо ҳамин роҳҳо ба маълумлотҳои шахсии истифодабарандагони шабака роҳ пайдо карда, ҳатто ба кортҳои пулии шаҳрвандони давлатҳои гуногун дастрасӣ пайдо намуда, пулҳои онҳоро медузданд ва баҳри амалисозии мақсадҳои худ роҳандозӣ менамоянд.

Мафҳуми “кибертерроризм” бори аввал аз ҷониби корманди илмии Институти амнияти ИМА Берри Коллин баён гардида, барои таҳлили ояндаи рафтори гурӯҳҳои террористӣ дар шабакаи виртуалӣ дастрас буд.

Имрӯз ду намуди кибертерроризмро ҷудо менамоянд:

  • Дар намуди якуми ин амалиёт кибертеррористон вирусҳои мушаххасро ихтироъ мекунанд ва онро ба шабака ворид месозанд, то ки ба соҳаҳои ҳарбӣ, иқтисодиёт, энергетика ва транспорт зарар расонанд ва фаъолияти бомунтазами онро халалдор созанд;
  • Дар намуди дуюми кибертерроризм террористон шабакаи глобалии иттилоотиро бо мақсали корҳои ташкилию машваратии хеш истифода бурда, ба ҷомеаи инсонӣ хатари калон доранд.

Зеро имрӯз барои машварат террористон дар як макон ҷамъ намешаванд, барои машварат ба онҳо мавҷуд будани компютер ва дастрас будан ба шабакаи Интернет кофӣ аст.

Барои мубориза бурдан зидди ин хавфи нав ҷомеаи ҷаҳонӣ дар дастаҷамъӣ метавонанд, ин хатарро бо номи кибертерроризм  боз доранд, зеро имрӯз террористон ғояҳои хешро тавассути шабакаҳои интернетӣ паҳн намуда “ҳамфикрон”-ашонро пайдо мекунанд.

Бояд таъкид намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо кишварҳои ҳамсоя, шарик ва созмонҳои байналмилалӣ, ба амсоли ИДМ ва СҲШ мубориза бурда истодаанд.

Ба андешаи мо давлатҳо бояд мақомоти ягонаи байналмилалиро созмон диҳанд, ки баҳри бехатарии иттилооти шабакаҳои интернетӣ ва дастрасии онҳо ба ҳамагон равона шуда бошанд.

 

Алиҷонова А.Ҳ. – муаллими калони кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ

You might also like