Мафияи террористии наҳзат

Дар Тоҷикисистони азиз имрӯзҳо дар ҳамаи самтҳои корҳои созандагив бунёдкорӣ бо маром пеш рафта истодааст. Тавассути гузаронидани ислоҳотҳои бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ дастовардҳои нав ба нав рӯи кор омада истодаанд, ки дили ҷаҳониёнро ба тасхир меандозад. Ба гуфтаи шоир Масъуди Сипанд, «зебоии Тоҷикистон назир надорад, мардуми Тоҷикистон хеле хушбахтанд. Барои ман мояи  хушнудист, ки дар ҳузури Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шеър хонам ва ифтихор аз он кунам, ки ман низ ориёиям».

Шоири ориётабор Масъуди Сипанд таъкид намуд, ки «Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пайваста барои пешрафти мардуми Тоҷикистон кӯшиш мекунад.  Дар Тоҷикистон сулҳу ваҳдат пойдор аст ва имрӯз  барои ман ифтихор мебуд, агар дар гӯшае аз ин сарзамин зиндагӣ кунам. Ман Тоҷикистонро дӯст медорам! Тоҷикистон бо Эмомалӣ Раҳмон  пойдор аст ва мардумаш  сол ба сол пешрафт мекунад».

Ҷаҳониён аз дастовардҳои кишвари маҳбуби тоҷикон ба ваҷд меоянд, вале дар баробари ин нохалафоне ҳастанд, ки аз ин гуна пешравиву созандагии Тоҷикистон дарун – дарун месузанд. Дар хусуси низоми давлатдории Тоҷикистон имрӯз ҷаҳони муосир баҳои баланд медиҳад, вале дар баробари ин ашхосе берун аз хоки ватан ношукргузорӣ мекунанд, туҳмату бӯҳтонҳо арз мекунанд. Паймони миллӣ худро мусичаи бегуноҳ водор намуда,  гӯё ягон айб надошта бошад суханҳои  носазо нисбати сохторҳои қудратии  кишвар мегӯянд.

Аз расонаҳо баъзе маълумотҳо оиди  чор созмони ба қавле оппозитсионӣ –ҳизби террористии  наҳзати ислом ва се ташкилоте, ки худи наҳзатион ба таври сунъӣ сохтаандҶунбиши ислоҳот ва рушд, Анҷумани озодандешони тоҷик ва Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ба таври масхараомез байни худ «Созишнома» имзо кардаанд ва иттиҳоде бо номи «Паймони миллии Тоҷикистон» таъсис додаанд. Шармовар аст ин паймонро «миллӣ» унвон кардан, зеро наҳзатиёни хиёнатпеша, ки тамоми афроди солимақл аз онҳо рӯй гардонд, радди маърака шуданд ва ба ҷуз хоҷагони хориҷиашон барои ҷомеъаи солим нодаркор гаштаанд, худашонро аввал  порапора карданд ва баъд боз байни пораҳои худ «паймон» бастанд.

Аҷаб мантиқе! Муҳиддин Кабирӣ, Алим Шерзамонов, Шарофудин Гадоев ва Илҳом Ёқубов, ки гӯё чор гурӯҳи алоҳидаи «мухолифин»-ро намояндагӣ карданд, ҳамагӣ узви мафияи террористии наҳзат ҳастанд. Ба ин беругиву русиёҳӣ, ки бе ягон зарра хиҷолат ҳар чори ин нафарон саҳнаи имзои созишномаро бози мекунанд, ангушти ҳайрат газидан мумкин.

Бо ҳалномаи  Суди Олии мамлакат  15- августи соли 2019 Паймони миллӣ  иттиҳоди террористӣ- экстремистӣ эълон гардид.

Бояд зикр намуд, ки созмони ном бурд дар фаъолияти ғайриқонунии худ танҳо андешаҳоеро баён мекунад, ки барои суботи сиёсии кишвар хатар дорад. Аз ин рӯ аризаи Прокурори  генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳалномаи  Суди Олӣ  дар бораи иттиҳоди террористӣ экстремистӣ эълон кардан паймони миллӣ аз ҷониби тамоми қишрҳои ватандӯсти кишвар дастгирӣ меёбад. Бадхоҳони миллат ҳеҷ гоҳ наметавонанд ба он мақсадҳои нопоке, ки дар солҳои 90-ум расида буданд, дигарбора расанд. Чашми мардум кушода шудааст ва онҳо некро аз бад, сиёҳро аз сафед фарқ мекунанд. Тоҷикистон имрӯз қудрат дорад тамоми нақшаҳои бадхоҳони миллатро пора- пора созад.

Алимов Б. – н.и.т., дотсент, мудири кафедраи

муносибатҳои байналхалқии ДДҲБСТ

You might also like