САБАБҲОИ БЕГОНАПАРАСТӢ ВА ИФРОТГАРОӢ ДАР БАЙНИ ҶАВОНОН

Эътирофи бегонапарастӣ ва ба хислатҳои ифротгароӣ шомилшавии ҷавонони имрўза яке аз мавзўҳои мубрами рўз буда, проблемаи глобалӣ дошта, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ин сабабҳо яке аз самтҳои сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Воқеан мамлакати мо пас аз барҳам хурдани Иттиҳоди шуравӣ як давраи гузариши печдарпечеро аз сар гузаронид, ки саҳифаҳои таьрихи абадӣ давраи торикиеро меномад, ки аз тарафи баьзе аз нафарони манфиатхоҳ ба вукуъ пайваст ва бо душманони миллат ҳамроҳ шуда, ниятҳои нопоки онҳоро нисбат ба ватану миллати тоҷик то ҳол ҳам анҷом дода истодаанд. Ин афрод аз фурсати муносиб истифода бурда теъдоди зиёди ҷавононро бероҳа намуданд, нисфи зиёди мардумро бегуноҳ куштанд, бештари кўдакон аз волидайн ҷудову саргардон ва бепарастор гардиданд, дили модарону озурдаву ҷигарсўхта ва чашмони пирону солхурдаро бо ашки хун олуда карда буданд ва то ҳоло ҳам аз ин ниятҳояшон даст намекашанд.

Дар паёмҳои ҳамасола Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат ба Мачлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар суханрониву мулоқотҳо бо аҳли зиё ва ҷавонони кишвар дар бораи пешгирӣ намудани ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротгароию ҷиноӣ ва мазҳабу равияҳои бегона ба хотири ҳифзу суботи амнияти ҷомеа ва рушди давлати азизамон дар фазои осоишта таъкид гардидааст.

Аз ин ҷост, ки  мубориза бар зидди бегонапарастиву ифротгароӣ дар байни ҷавонон на танҳо вазифаи кормандони ҳифзи ҳуқуқ, балки дастчамъона тамоми шаҳрвандони кишвар ба шумор меравад. Бетарафи нисбати ин падидаи номатлуб барои рушди минбаьдаи кишвар ва идеологияи он хатари ҷиддӣ тахдид намуда, ба Вахдати миллӣ ва Истиклолияти давлатии кишвар таъсири манфӣ мерасонад.

Умуман, сабабҳои эътирофи бегонапарастӣ ва ифротгароӣ дар байни ҷавонон бештар чунин вобастагӣ дорад:

  1. Маьрифати пасти волидайн, бекорӣ, маънидоди нодурусти донишҳои динию мазхабӣ ба ҷавонон, бисёрфарзандӣ, яьне аз уҳдаи тарбияи фарзанд набаромадан;.

2.Муҳоҷират, коррупсия, пуштибони ёфтани ташкилотҳои террористӣ аз тарафи давлатҳои алоҳида;

3.Фаьол будани ташвиқоти экстремистӣ ба воситаи шабакаҳои интернетӣ;

4.Ба миқдори кофӣ нарасидани мутахассисони касбӣ ва руҳӣ.

Ин сабабҳо боиси истифода бурдани гуруҳҳои муташаккил мебошанд, чун мақсад доранд, ки сари кудрат оянд ва шахсони нодон ва бесаводро бо содир кардани амалҳои номатлуб, дар паҳн кардани ақидаҳои бардуруғи динӣ ва сиёсӣ, чалб намоянд ва ба ҳамин монанд, дигар корҳои ношоям анҷом диҳанд.

Барои бартараф намудани сабабҳои эмин доштани ҷавонон аз бегонапарастӣ ва ифротгароӣ бояд чунин чораҳо андешида шаванд:

  1. Масьулин ва коршиносон дар байни ҷавонон бо далелҳои амиқ вохўриҳо гузаронанд.
  2. Корҳои ташвиқотию таблиғотӣ бояд мунтазам, хадафнок, самаранок ва таьсирбахш на барои ҳисобот, балки барои натиҷаи назаррас ташкил карда шавад.
  3. Баланд бардоштани маьрифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ, ҳисси худшиносӣ, худогоҳӣ ва меҳанпарасти байни тамоми қишрҳои ҷомеа .
  4. Аз байн бурдани бекорию майли шўҳратпарастӣ ва бегонапарастӣ
  5. Тарбияи дурусти чавонон дар мисоли шахсони собиқадори пешқадам ва зиндагии шахсиятҳои номдор ва оилаҳои намунавӣ.
  6. Танқиди ошкорои шахсони қонуншикан, ришвахур, ахлоқан нопок.
  7. Ходимони дин бояд дар корҳои тарғиботӣ ҷонибдори инсондўстӣ ва сулҳу субот ба ҷавонон дуруст фаҳмонанд.
  8. Таҳсили донишҷуён ва фаъолияти муҳоҷирони меҳнатиро дар хориҷи кишвар бояд зери назорати махсуси волидайн ва мақомоти масьул бошад ва дар байни онҳо тақвият бахшидани корҳои идеологӣ.

Ҳамин тариқ, барои тарбияи ҷавонон дар руҳияи ҳуввияти миллӣ ва таърихи бойи ниёгон, ки шўҳрати ҳазорсолаи миллати тоҷикро дар тамоми дунё муаррифӣ менамояд, бояд саҳми волидон ва устодон назаррас бошад.

 

Асророва М.А. – мудири шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ

You might also like