Дастоварди донишҷӯи ДДҲБСТ дар мусобиқаи байналмилалӣ
Донишҷӯи соли аввали факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Муҳаммадамин Қаюмов дар мусобиқаи байналмилалӣ иштирок намуда, ба гирифтани мақоми ифтихорӣ шарафёб шуд. Мусобиқаи мазкур дар шаҳри Тошканти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз рӯи намуди Карате До доир шуда, дар он аз 27 кишвари олам наздик 1000 нафар варзишгарон иштирок намуданд.
Донишҷӯи ДДҲБСТ Муҳаммадамин Қаюмов дар ин мусобиқа чор нафар ҳарифашро шикат дода, мақоми дуюмро соҳиб гардид. Барои ғолибият дар мусобиқаи байналмилалӣ ба ӯ диплом, медал ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд. Ҳамзамон, варзишгар барои ғолибият дар ин мусобиқа роҳхати мусобиқаи байналмилалӣ, ки дар Ҷопон моҳи ноябр доир мешавад, ба даст овард.
Ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ ҷиҳати пирӯзӣ дар мусобиқаи байналмилалӣ Муҳаммадамин Қаюмовро табрик карда, барои ғолибият дар мусобиқаҳои байналмилалӣ барору комёбӣ ва хониши хубу аъло орзу менамояд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа