ДДҲБСТ: Мароми мо – ободкорист

Имрӯз кормандон ва устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба ҳашар баромада, саҳну атрофи бинои асосиву таълимӣ, маҷмааи варзишиву канори роҳу ҷӯйбори атрофи донишгоҳро аз алафҳои худрӯю партовҳои гуногун тоза карданд.
Дар ин чорабинии ободонӣ дар тамоми минтақаҳои ҷойгиршавии биноҳои донишгоҳ, саҳни факултетҳо ва минтақаҳои ба донишгоҳ вобасташуда тозакунии ҷӯйборҳо, поксозии саҳни ҳавлию майдонҳо, нармгардонии зери дарахтон, зеб додани деворҳои биноҳо ва берун бурдани партовҳо амалӣ гардонида шуданд.
Боиси дастгирист, ки дар чорабинии мазкур устодон ва донишҷӯён бо дилгармӣ ба ободонии хонаи худ муносибат намуда, ин иқдоми раёсати донишгоҳро ҳаматарафа ҷонибдорӣ карданд.
Дар ДДҲБСТ корҳои созандагиву ободонӣ тавассути ҳашарҳои дастаҷамъонаву шанбегиҳо пайваста гузаронида мешаванд ва кормандону омӯзгорон ва донишҷӯён дар якҷоягӣ саҳми арзишманди хешро дар ҳифзи табиат, тозагии муҳити атроф ва рушду ободии ҷойи кори хеш мегузоранд.

 

 

You might also like