Баргузории силсилачорабиниҳо ба истиқболи солгарди Истиқлоли давлатӣ дар факултетҳои ДДҲБСТ

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки мардуми шарафманди Тоҷикистон дар ин рӯзҳои шодию фараҳмандӣ ҷашни бузурги миллӣ 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои сулҳу субот, рушди устувор ва осудагии фарогир таҷлил менамояд.
Бахшида ба ин санаи фархунда дар ҳама факултетҳои Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон конференсияву мизҳои мудаввар ва маҳфилҳои адабиву тарбиявӣ ташкилу баргузор гардида истодаанд.
Дар воқекъ, Истиқлол ормони ҳазорсолаи мардуми шарафманди мо буд, ки дар баробари ба даст овардани он кишвари азизамон ва халқи обрӯманди Тоҷикистон бо сарварии шахсияти бузург Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамарӯза аз дастовардҳои нав ба нав бархӯрдор мешавад.
Истиқлол нишонаи озодию худшиносӣ, эҳёи давлату давлатдорӣ, рушду тараққиёти ҷомеа, ҷашни хушнудӣ, шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонист, ки низоми давлатдорӣ, сиёсати дохиливу хориҷӣ, сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии хешро мустақилона пеш мебарад. Он барои мо озодӣ, шукуфоӣ, падидаҳои нави иқтисодиву иҷтимоӣ, оғози бунёдкориҳои тоза, нусратҳои ҷадид овард, иброз гардид зимни барузории чорабиниҳо.
Ҳадаф аз ташкилу баргузории чорабиниҳо ҳифзу гиромидошти дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ, тақвияти ҳисси ватандӯстии донишҷӯён арзёбӣ мегардад.

                                                                                                                     Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like