Донишҷӯёни ДДҲБСТ ғолибони даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии”Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”
Дар даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба гирифтани мақоми ифтихорӣ шарафёб шуданд. Дар озмуни мазкур Шамсия Мадалиева ба гирифтани мақоми аввал ва Моҳҷабин Ҳасанова ба гирифтани ҷойи дуюм сазовор шуда, ҳамзамон ба даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур роҳ ёфтанд.
Инчунин, омӯзгори донишгоҳ Назира Ғаниева дар даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ба гирифтани ҷойи дуюм комёб гардид.
Ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ барои муваффақият дар озмуни мазкур ғолибонро табрик намуда, ҷиҳати пирӯзӣ дар даври ниҳоӣ барору комёбӣ орзу менамояд.