Каждуми таги бўрё

Дар бисёр ҳолатҳо баъди мутоилаи рӯзномаву маҷаллаҳо ва саҳифаҳои интернет афсӯс мехӯрам, ки дар ҷамъияти имрӯза шахсоне, ҳастанд ҳама вақт халалдор ва рушди ин ё он кишварро чашми дидан надоранд.

Дар бораи миллату халқ сӯҳбати Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба нашр расидааст хондам ва ба додаи ин шахсон ангушти ҳайрат газидам. Мақсади нопоки инхел душманони миллат ва давлат буд, ки дар Тоҷикистон ҷанги бародаркушӣ панҷ сол давом ёфт. Мақсади нопоки душманон буд, ки иқтисодиёти кишвар якчанд солҳо қафо монд. Чӣ қадар кӯдакон ятим, падару модарон бе фарзанд ва шаҳрвандон бе хонаву дар монданд.

Дар ҳақиқат шахси гунаҳкор дар назди қонун бояд ҷавоб диҳад, новобаста аз он, ки ин шахс дар куҷо истиқомат мекунад.

Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ аз ҳамин шахсон, ки берун аз Ватан истиқомат мекунанд ва ободӣ ва осоиштагии халқи тоҷикро чашми дидан надорад. Худ бо ҳамроҳи авлодашон дар шаҳрҳои бузурги Аврупо ҷой гирифтааст ва аз маблағҳои гирифтааш зиндагӣ мекунанд. Ҳадафи ин беимону номардон вайрон намудани фикру андешаҳои ҷавонон ва зиёд намудани гурӯҳи худ мебошад.

Мардуми азият кашидаи тоҷик аллакай рӯзҳои вазнинро паси сар кардааст ва барои ояндаи дурахшон ва баланд бардоштани некуаҳволии халқ кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

М. Садриддин низ яке аз он нафаре мебошад, ки аз нигоҳи ахлоқи доғу нуқсонҳои зиёд дорад, ки ў бояд аз он шарм кунад.

Аммо баракс ў чун яке аз шахсиятҳои наздиктарини М.Кабириӣ ба шумор рафта, бо ҳар гуна тўҳмату иғвоҳо бо воситаи сомонаҳо баромад менамояд.

Мафкураи М.Садриддин аз нигоҳи мафкураи қумандонҳои ахлоқан нопоки афғон ташаккул ёфтааст. Имрўз М.Садриддин худро шахси ахлоқан поку фидоӣ тасаввур намуда, бо фитнаву найрангҳои худ мардумфиребӣ менамояд.

Рафтору найрангҳои М.Садриддин ба манфиати ТТЭ Ҳизби наҳзат равона карда шудааст. Дар урфият мегўянд, ки аввал гиребони худро бўй бинамо баъд сухан бигў.

М.Кабирӣ тамоми таърихи М.Садриддинро медонад, аммо ба бадахлоқ буданаш нигоҳ накарда ўро яке аз шахсиятҳои наздики худ ҳисобида ҳамкорӣ менамояд.

М.Садриддин бо воситаи сомонаҳо ҳар гуна панду насиҳатҳо намуда, худро ғамхори миллату давлат тасвир менамояд, ки ин комилан хато мебошад. Бояд афзуд, ки ў дар бораи миллату давлат, адолат сухан гуфтан ҳуқуқи маънавӣ надорад, зеро худ нопоку бадахлоқ аст.Ба ғайр аз ин бояд қайд кард, ки ў барои падару модари худ хизмат накардааст ва ҳатто дар ҷанозаи падараш иштирок накард.

Чунин гуфтаҳо собит месозанд, ки М.Садриддин ба ягон меъёрҳои дини Ислом ҷавобгў нест. Хулоса М.Садриддин мусулмони комил набуда, ў шахси бадахлоқу риёкор ба шумор меравад. Бинобар ин М.Садриддин оиди адолату ҳақиқат сухан гуфтан ҳуқуқи маънавӣ надорад.

Ман ҳамчун шаҳрванд рафтору кирдори ин хоинони миллатро маҳкум намуда, ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ муроҷиат менамоям, ки аз ин гуна шахсони нопоку риёкор худро эҳтиёт намоянд ва номашонро ба забон нагиранд. Зеро тамоми рафтору кирдори ин нопокон аз тўҳмату ғайбат ва хиёнаткорӣ иборат аст.

 

Одинаев А. –  н. и. т, дотсенти кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

You might also like