Ҷавонон бар зидди ифродгароӣ

Дар замони муосир терроризм дар минтақаҳои гуногуни дунё доман паҳн карда, таҳдиди зиёди  иҷтимоиро дар бар мегирад ва барои бехатарии мамлакатҳои људогона воқеан таҳдид эҷод менамояд. Имрӯзхо  корҳои  марбут ба террористӣ дар ҷаҳон ташвишовар боқӣ мемонад.

Зикр намудан ҷоиз аст, ки ифротгароӣ асосҳои маънавии мардумро  вайрон намуда, ба  бехатарии дунё аз он ҷумла ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам таҳдид мекунад. Ба муқобили ифротгароӣ бояд ҳама мубориза баранд. Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст.

Яке аз гуруҳҳои  ифротгаро,  ТЭТ ҲНИ буда, бо сардории Муҳиддин Кабири дар давлатҳои хориҷа доду фиғон карда истодааст. Мақсади асосии ин гурӯҳҳои ифродгаро, пеш аз ҳама расидан ба ғаразҳои сиёсию иқтисодист. Онхо мехоҳанд зери ниқоби дини мубини ислом ба мақсадҳои нопоки худ расанд.

Мо устодони Донишгоҳи давлатии ҳукук, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, ки дар таълиму тарбияи насли ҷавони кишвар саҳмгузор хастем,  пурра бо бовари гуфта метавонем, ки  донишҷуёни мо бар зидди ҳама гунна ҳизбу ҳаракатҳо баромад мекунад.

Ҷавонони имрӯза хуб дарк менамоянд, ки сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои миллат онҳоро то ба қуллаи мақсаду маром мерасонад.

Кушишҳои ифродгароёнаи Муҳидин Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ наметавонад ба мафкураи ҷавонони имрӯза коре  кунад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин раванди пурхатар чунин изҳор намуд, «Воқеан дини мубини ислом сарчашмаи адаб, махзани бузурги панду насиҳат ва тарғиби некиву накукорист. Бинобар ин ҳар яке мо бояд бо арҷ гузаштанба ин арзишҳо бо илму фарҳанг, ҷавонмардиву саховатмандӣ ва ахлоқи ҳамидаи худ намунаи ибрат бошем, ва барои эъмори як ҷомеаи пешрафтаи солим саъю талош намоем».

Мутаасифона, шомилшавии ҷавонон ба ҳаргуна гурӯҳҳои террористиву, экистремистӣ, ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ рӯз аз рӯз зиёдтар ба назар мерасад.

Объекти ҳуҷуми агрессии экстремистон ҳамаи соҳаҳои муосири иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ мегарданд, ки аз нуқтаи назари идеологҳои экстремизм онҳо садди роҳи барқарор кардани асосҳои тартиботи нав мебошад.

Мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, ба қадри сулҳу салоҳ, осудагии ҷамъият ва оромии давлат расида, ба ободониву созандагӣ ва бо тарбияи ҷавонон машғул шавем. Мардуми тоҷик,  ҷавонон доимо дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, якҷоя, ҳамдилона ба бунёди ҷомеаи якдилу якмаром, давлати мутараққиву бонизом саҳмгузор бошем.

 

Хӯҷаназарова М.И. – дотсенти кафедраи маркетинг – агробизнеси ДДҲБСТ

You might also like