Хиёнатҳои Муҳаммадиқболи Садриддинро миллат намебахшад

Боиси қайд аст, ки Ҳизби наҳзати ислом (ҲНИ) дар давраи фаъолияташ то моҳи сентябри соли 2015 на ба рушди кишвар, баръакс ҳамчун ҳизби ифротгар, террорист ва хоини ватан худро муаррифӣ намуд. Баъди барҳам додани фаъолияти ин ҳизб дар Тоҷикистон, роҳбарон ва тарафдоронаш аз гӯшаву канори ҷаҳон бо дастгирии хоҷагони хориҷӣ кӯшиш доранд, имрӯз вазъи сиёсии кунунии Тоҷикистонро дигаргун намуда, ба ҳадафҳои нопокашон расанд.

Яке аз чунин хоинони ватан ба мисоли М. Кабириро гуфта метавонем, ки ӯ имрӯз дар Аврупо қарор дошта, бо дастгирии молиявии хоҷагони хориҷаш аз минбарҳои гуногун баромад карда, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолрро нодида гирифта, изҳор дорад, ки гӯё дар Тоҷикистон демократия маҳв карда шудааст, мардум озодона зиндагӣ карда наметавонад. Воқеан наҳзатиҳо бар ивази луқмаи ҳаром ҷиҳати иҷрои супоришҳои хоҷагони аҷнабии тоҷикситезашон иборат аз гурӯҳҳои 2–3 нафар, зери номҳои гуногун, вале дар асл ҳамагӣ фармонбардори як хоҷа чун доғи сиёҳ зуҳур карда, бешармона гӯё байни худ ба созиш расида, дар таъсиси боз як гурӯҳи ҷангҷӯ бо номи «Паймони миллии Тоҷикистон»  боз барои амалисозии ҳадафи нопок – ба даст овардани ҳокимият ва татбиқи он аз номи дини маъруфу шинохтаи олам алалхусус М.Кабирӣ ва М.Садриддин баромад карда истодаанд.

Муҳаммадиқболи Садриддин воқеан нафари беномус, иғвоангез ва ҳангомаҷӯй буда, имрӯз дар хориҷи кишвар зиндагӣ карда, зери суханҳои мардуми гузаштагон “Аз паша фил сохта ” гаштааст. Ӯ дар саҳифаҳои иҷтимоӣ аз пеши худ хар чӣ хоҳад мебофад ва бо ҳамин назди хоҷагонашон худро нафари мунақиду таҳлилгар нишон медиҳанд. Муҳаммадиқболи Садриддин салафӣ буда, таҳлилҳо нишон медиҳад, ки дар давоми фаъолияташ ҳамчу пешсафон ба оппозитсионери шоистаи хабарчин буда, дар дохил ва берун нишон медиҳад, ки ӯ як шахси кордону оқил мебошад. Дар асл ба таври нохудогоҳ бар зидди лоиҳаҳои сарнавиштсози миллат мебошад.

Шахсе, ки дар фикри Ватан модар ва мардуми худ аст, аз наздик омада фикру ақидаҳояшро пешниҳод карда, хизматгори мардуми худ мешавад ва дар ҳама пастию баланди тоқат карда, барои пешрафт ва ободони Ватан модар меҳнат мекунад, на они ки аз дур истода санги маломат мезанад. Вале бар нафаре, ки мардуми муқаддаси Ватан барояш бегона аст куҷо ҳарф аз Ватандустию ватанпарастӣ сухан гӯяд. Чуноне, ки онҳо аз табақаи мардумони курдиланд ҷуз кинаву бадбибӣ, нафрат, сиёҳиву харобӣ дар қалбашон ба худ касб гирифтааст. Имрӯз садҳо шукр, ки тамоми шароит дар тамоми соҳаҳо барои шаҳрвандон муҳайё аст. Аз ҳамин лиҳоз мо имрӯз аз сиёсати бунёдкорона ва созандаи Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон розӣ ҳастем ва дар ҳама ҳолат онро дастгирӣ хоҳем кард.

 

Мухамедова Ш. Ф.-мудири кафедраи системањои иттилоотию коммуникатсионӣ ва барномарезии ДДҲБСТ

You might also like