Баррасии масъалаҳои муҳим дар ҷаласаи шӯрои олимон
30 майи соли 2023 дар Маркази таҳсилоти рақамии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шӯрои олимони донишгоҳ баргузор гардид. Дар кори ҷаласа ректори донишгоҳ, муовинони ректор, деканони факултетҳо, роҳбарони раёсату бахшҳо ва мудирони кафедраҳо иштирок намуданд.
Дар рӯзномаи масъалаҳо доир ба иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, шӯрои олимони донишгоҳ, вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ҳолати таҷрибаомӯзии таълимӣ ва пешаздипломӣ ва фаъолияти Парки технологии донишгоҳ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.
Пас аз баромади маърӯзакунандагон доир ба паҳлӯҳои мавзӯҳои мавриди муҳокима саволу ҷавоб сурат гирифт.
Дар интиҳо роҳбари донишгоҳ ҷиҳати иҷрои саривақтии қарору дастурҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми кишвар аъзо шӯрои олимони донишгоҳро вазифадор кард.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа