ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ЗАХИРАҲОИ ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР

Об барои рушди ҷомеаи инсонӣ нақши муҳим ва ҳалкунанда дорад ва ҷамият дар тӯли ҳазорсолаҳо обро ҳамчун сарвати муқаддас ситоиш ва тараннум мекунад, ки мардум аз қадимулайём дар назди ҳавзаҳои обӣ маскан мегирифтаанд.

Имрўзҳо бинобар афзоиши суръати аҳолӣ, рушди иқтисодӣ ва дигар мушкилоте, ки ба захираҳои табиӣ ва арзиши об таъсир мерасонад, ба маротиб зиёд шуда истодааст. Тавре, ки Пешвои муаззами миллат дар  соли 2007  дар Саммити обии Осиё ва Уқёнуси Ором қайд намуда буданд: «Тамоюли рушди ҷаҳонӣ чунин аст, ки қимати об метавонад аз арзиши нафт, газ, ангишт ва дигар захираҳои зарурӣ барои рушди устувори ояндаи ҳар як кишвар ва минтақа боло истад». Ин масъала солҳои охир дар тадқиқотҳои олимони соҳа бо далелҳо тасдиқ шуда, ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳалли мушкилоти об равона кардааст. Инчунин ба ҳуҷҷатҳо ва стратегияҳои зиёди рушд об ҳамчун манбаи муҳимми рушди устувор дар сатҳи минтақавӣ, миллӣ ва ҷаҳонӣ ворид карда шудааст. Ҳамзамон, ҷанбаҳои гуногуни масъалаҳои ҳифзи об ба Ҳадафҳои Рушди Устувор дохил шудаанд.

Бояд зикр дошт, ки бо ибтикори Тоҷикистон аз соли 2000 то соли 2016 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 75-ум Қатъномаи А75/212 оид ба масъалаҳои марбут ба обро қабул кард. Аз ҷумла, соли 2003 – Соли байналмилалии оби тоза,   давраи аз соли 2005 то 2015 -Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», соли 2013 – Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об ва давраи аз соли 2018 то 2028 – Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» сазовори таваҷҷуҳи махсус мебошанд.

Дар ин марҳила Тоҷикистон борҳо ба як минбари ҷаҳонии баррасии масоили об табдил ёфта, ҳамчун узви Гуруҳи сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об дар якҷоягӣ бо дигар кишварҳои узви ин гуруҳ як қатор ташаббусҳоро ба миён гузошта, дар самти татбиқи онҳо корбарӣ намуда истодааст. Бахусус, пешвоёни сиёсиро барои қабул ва татбиқи тадбирҳое, ки ба таъмини истифодаи оқилонаи захираҳои об нигаронида шудааст, сафарбаркунии ҷонибҳои манфиатдорро талаб мекунад. Инчунин, гуруҳи «Дӯстони об», ки бо ибтикори Тоҷикистон дар соли 2010 таъсис ёфта буд, феълан 51 кишвари узви СММ шомил мебошанд. Гуруҳ дар баррасии масъалаҳои об ва қабули қарорҳои дахлдор дар чаҳорчӯби Ассамблеяи Генералии СММ саҳми арзанда мегузорад.

Тоҷикистон ҳамчунин яке аз ташаббускори сиёсӣ дар ҳалли мушкилоти об дар сатҳи минтақа аст. Тоҷикистон, ки тақрибан 60 дарсади захираҳои оби дарёҳои Осиёи Марказӣ (ҳавзаи баҳри Арал) дошта, ин манбаи ҳаётан муҳимро бо кишварҳои ҳамсоя одилона тақсим мекунад. Тоҷикистон муассиси Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал ва ду комиссияи он – Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии об ва Комиссияи байнидавлатӣ оид ба рушди устувор мебошад, ки барои муҳокимаи мушкилоти таъхирнопазири баҳри Арал ва обҳои фаромарзӣ дар минтақа замина фароҳам меорад.

Дар Осиёи Марказӣ, ки манбаъҳои об асосан дар қаламрави Қирғизистон ва Тоҷикистон ҷойгиранд (кишварҳое, ки дарёҳо болооби худро убур мекунанд) ва ҳиссаи асосии обро кишварҳои поёноб (Қазоқистон, Туркманистон ва Узбекистон) истифода мебаранд) ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаи об на танҳо дар ҳалли мушкилоти об ва масъалаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ, балки дар таъмини сулҳу субот ва амният омили асосӣ мебошад.

Имрўз дар минтақа ҳамкорӣ дар соҳаи об дар пасманзари таъсири афзояндаи омилҳо ба мисли тағйири иқлим ва афзоиши аҳолӣ аҳамияти бештар пайдо мекунад. Чунончи, агар дар солҳои 60-уми асри гузашта обёрии Осиёи Миёна ба ҳар сари аҳолӣ дар як сол 8,4 ҳазор метри мукаабро ташкил дода бошад, имруз ин ракам чор баробар кам шуда, ба 2,1 ҳазор метри мукааб мерасад. Ин ҳаҷм аз рақамҳои ҷаҳонӣ тақрибан ҳашт маротиба бештар аст.

Тибқи ҳисобҳои коршиносон пиряхҳои Осиёи Марказӣ, ки манбаи асосии оби дарёҳои минтақа мебошанд, дар як сол ба ҳисоби миёна 0,6-0,8 дарсади майдони пиряхшавӣ ва 0,1 дарсади ҳаҷми онро аз даст медиҳанд. Вазъияти кунунӣ тақозо мекунад, ки дар минтақа барои мутобиқ шудан ба тағйирёбии ногаҳонии иқлим ва пешбурди идоракунии устувори об чораҳои фаврӣ андешида шаванд. Инро танҳо дар доираи ҳамкориҳои созандаи минтақавӣ тавассути амалиёти ҳамоҳангшудаи ҳамаи кишварҳо, ҳамчунин бо назардошти манфиатҳои ҳамаи иштирокчиён, инчунин тавассути такмили заминаи институтсионалӣ ва ҳуқуқӣ ва афзоиши назарраси сармоягузорӣ ба инфрасохтор ба даст овардан мумкин аст.

Ҷорӣ намудани идоракунии ҳамгирошудаи захираҳои об дар сатҳи минтақавӣ ва миллӣ ҷузъи муҳимми ин раванд мебошад. Тоҷикистон аллакай ислоҳоти соҳаи обро бо дарназардошти принсипҳои асосӣ, аз ҷумла ҷорӣ намудани принсипи ҳавзаи идоракунии захираҳои об оғоз кардааст.

Бо ин мақсад, дар соли 2015 Ҳукумати кишвар Барномаи ислоҳоти бахши об барои солҳои 2016-2025-ро тасдиқ кард, ки ҳадафи он такмили заминаи ҳуқуқӣ ва механизмҳои институтсионалӣ, рушди инфрасохтор, рушди иқтидор ва дигар воситаҳои идоракунии захираҳои об, аз ҷумла пойгоҳи додаҳо ва системаҳои иттилоотӣ – тадқиқотӣ мебошад.

Дар Тоҷикистон зиёда аз 95 фоизи қувваи барқро станцияҳои барқии обӣ истеҳсол мекунад. Тараққиёти хоҷагии қишлоқ низ бештар ба истифодаи захираҳои об алоқаманд аст, зеро зиёда аз 80 фоизи маҳсулоти хоҷагии қишлоқ бо усули обёрӣ истеҳсол карда мешавад. Дар баробари ин, таъсири манфии тағйирёбии иқлим боиси офатҳои табиии вобаста ба об, ба мисли обхезӣ ва сел мегардад. Ҳамзамон, таъмини аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ ва беҳдошти асосӣ аз авлавияти аввалиндараҷаи бахши об дар Тоҷикистон боқӣ мемонад. Ин мушкилот, махсусан дар деҳот, ки беш аз 70 дарсади аҳолии кишвар дар онҷо зиндагӣ мекунанд, шадидтар аст. Ба ин далел, дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ба об афзалият дода шудааст. Бо мақсади ба низом даровардани ҳадафҳо ва вазифаҳои рушди устувори вобаста ба об, айни замон дар кишвар лоиҳаи Стратегияи миллии об барои давраи то соли 2030 таҳия карда мешавад. Бо дарназардошти тамоюл ва талаботи имрӯза таҳрири нави Кодекси об таҳия ва мавриди баррасӣ қарор дорад. Дар ин ҳуҷҷатҳо ҷои асосиро ҳуқуқи инсон ба дастрасӣ ба оби ошомиданӣ ишғол мекунад.

Оқибатҳои эҳтимолии мушкилоти глобалӣ ба монанди тағйирёбии иқлим, афзоиши аҳолӣ ва урбанизатсия хуб омӯхта, таҳлил карда шудаанд. Маълум аст, ки ин мушкилот ба талаботи ҷаҳонии оби ошомиданӣ, ки то соли 2030 дар умум 50 дарсад афзоиш ёфта, боиси 40 дарсади камбудии оби ошомиданӣ мешавад, таъсир хоҳад гузошт.

Тибқи маълумоти созмонҳои мухталифи коршиносӣ, дар ҷаҳон то ҳол беш аз 844 миллион нафар ба оби ошомиданӣ дастрасӣ надоранд, 1,8 миллиард нафар аз манбаъҳои олудашудаи наҷосат об менӯшанд ва 2,4 миллиард нафар ба низоми мукаммали беҳдошт дастрасӣ надоранд. Пешбинӣ шудааст, ки то соли 2050 бо тарзи умум 2,3 миллиард нафар дар минтақаҳое зиндагӣ хоҳанд кард, ки фишор ба захираҳои об зиёданд.

Таъсири назарраси тағйирёбии иқлим, махсусан дар шакли офатҳои табиии марбут ба об зоҳир мешавад. Масалан, аз соли 2000 то соли 2016 бар асари обхезиву сел беш аз 107 ҳазор нафар ба ҳалокат расидаанд. Тибқи ҳисобҳои пешакӣ, то соли 2050 арзиши дороиҳое, ки дар минтақаҳои хатари обхезӣ ҷойгиранд, метавонад ба 45 триллион доллар бирасад. Яке аз оқибатҳои вазнини ин гуна офатҳои табиӣ вайрон ва аз кор мондани унсурҳои гуногуни инфраструктураи хоҷагии халқ мебошад. Инчунин, масъалаҳое дигар низ хастанд, ки вазъияти ҳозираро тезу тунд мегардонанд ва саъю кушиши моро дар роҳи ноил шудан ба мақсадҳои ҳифзи оби ошомиданӣ суст мекунанд. Ин тамоюлҳо дар даҳсолаҳои оянда низ идома хоҳанд ёфт ва инсоният бояд барои бартараф кардани он тамоми чораҳои заруриро андешад.

Дар ин раванд рӯзномаи 2030 оид ба рушди устувор, Барномаи амали Аддис-Абеба, конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба маблағгузорӣ барои рушд, чаҳорчӯбаи Сендай оид ба коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ барои солҳои 2015-2030 ва Созишномаи Париж барои пешбурди минбаъдаи масъалаҳои об дар сатҳҳои гуногун заминаи мустаҳкам гузоштанд. Вале барои бомуваффақият ҳал намудани ин масъалаҳо иродаи сиёсӣ, сафарбар намудани ҷидду ҷаҳди ҳамаи тарафҳои манфиатдор, инчунин роҳу воситаҳои дахлдор зарур аст.

Ба фикри мо, пеш аз андешидани тадбирҳои минбаъда дар ин самт як қатор омилҳоро ба назар гирифтан лозим аст.

  1. Маблағгузорӣ. Оқибатҳои бӯҳрони молиявию иқтисодии солҳои охир ба талошҳои кишварҳои узви СММ ҷиҳати таъмини маблағгузории соҳаи об таъсири манфӣ расонида истодааст. Дар робита ба ин, дастгирии ташаббусҳо оид ба беҳтар намудани маблағгузории соҳаи об, аз ҷумла тавассути истифодаи чунин фондҳои сармоягузории ҷаҳонӣ, ба мисли Фонди Иқлими Сабз муҳим ва саривақтӣ мебошад.
  2. Ин барои мамлакатҳои тараққиёбанда хеле муҳим аст. Тахмин карда шудааст, ки сармоягузории аз 15 то 30 миллиард доллари амрикоӣ барои беҳбудии идоракунии об дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ метавонад фоидаи мустақими иқтисодро то 60 миллиард доллар ба даст орад. Дар ин замина, афзоиши маблағгузории соҳаи об аз ҳисоби буҷети давлатӣ аҳамияти хоса дорад. Бояд гуфт, ки сарфи назар аз афзоиши бемайлони ҳиссаи кумаки расмии рушд дар бахши об, маблағи умумии ҷудошуда аз соли 2005 бетағйир боқӣ монда, аз 5 фоиз зиёд нест.
  3. Сармоягузорӣ ва инфрасохтор. Модернизатсияи инфрасохтори мавҷуда ва бунёди инфрасохтори нав, инчунин ҷорӣ намудани технологияҳои нав, бешубҳа, дар таъмини танзими боэътимод ва истифодаи самараноки захираҳои об нақши муҳим дошта, дар беҳбуди амнияти об саҳми арзанда мегузорад. Ҳамин тариқ, бунёди обанборҳои калону миёна ва нерӯгоҳҳои барқи обӣ имкон медиҳад, ки танзими боэътимоди ҷараёни об дар шароити тағйирёбии иқлим таъмин гардида, неруи барқи арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тоза истеҳсол карда шавад, ҳудудҳо ва аҳолӣ аз селу обхезиҳо ҳифз ва оқибатҳои хушксолӣ кам карда шавад. Ҳамзамон, дар ин
  4. раванд аз ҷониби мутахассисони соҳа лоиҳаи хуб андешидашудаи инфраструктура барои бартараф намудани як қатор муаммоҳо мусоидат карда метавонад.
  5. Гузариш ба “нашъунамои сабз” ва ҷорӣ намудани усули интегралӣ. Истифодаи об ҳамчун манбаи барқароршавандаи энергия ба рушди иқтисоди сабз мусоидат мекунад, зеро консепсияи он гузариши тадриҷии иқтисодиётро аз манбаъҳои барқарорнашаванда дар бар мегирад. Дар айни замон, ҳиссаи гидроэнергетика дар истеҳсоли қувваи барқ қариб 20 фоизро ташкил медиҳад. Зимнан, захираю имкониятҳои мавчуда ин рақамро хеле зиёд карда метавонад. Барои ҳалли муаммоҳои афзоиши аҳолӣ, ба монанди зарурати зиёд кардани истеҳсоли озукаворӣ ва қувваи барқ ва барои қонеъ гардондани дигар эҳтиёҷот қабул намудани муносибатҳои комплексӣ аҳамияти калон дорад. Ҳамин тариқ, барои ноил шудан ба ҳадафҳои дар боло зикршуда татбиқи муносибати комплексӣ дар идоракунии маҷмӯии захираҳои об аҳамияти калон дорад.
  6. Ҷалби тамоми ҷонибҳои манфиатдор. Таъсиси механизми шарикии бисёрҷониба бо ҷалби тамоми ҷонибҳои манфиатдор дар баррасии масъалаҳои об қабули қарорҳои мутавозинро бо дарназардошти манфиатҳои ҳамагон таъмин
  7. менамояд. Дар ин раванд, махсусан ҳар як давлати ҷомеаи ҷаҳонӣ бо сиёсати оқилонаи худ оид ба беҳтар намудани ваъзи экологӣ метавонанд нақши муҳим дошта бошанд.
  8. Масъалаҳои ҳамкории наздисарҳадӣ. Рушди дипломатияи об воситаи муҳими ҳалли масъалаҳои байниҳукуматии марбут ба об мебошад. Дар ҳавзаҳои дарёҳои байналмилалӣ 145 кишвари ҷаҳон мавҷуд аст, ки некӯаҳволии аҳолии онҳо ба ҳамкориҳои муқарраршуда дар соҳаи захираҳои об вобаста аст. Набудани чунин ҳамкориҳо ба ҳалли мушкилоти зиёде дуор мекунад ва ба вазъи иқтисодӣ ва иљтимоии кишварҳои муштарак таъсири манфӣ мерасонад.

Натиҷаҳои Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба Рушди Устувор, ки «Ояндае, ки мо мехоҳем» ном дорад, идоракунии беҳтари обро ҳамчун асоси ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор муайян мекунад. Рӯзномаи рушди устувор то соли 2030 як масъалаи алоҳидаи марбут ба обро дар бар мегирад.

Дар ин раванд 20 марти соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид ба шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сафар намуданд. Соли ҷорӣ аз 22 то 24 март дар қароргоҳи СММ – шаҳри Ню-Йорк Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд бо ҳамраисӣ Конфронси СММ оид ба бознигарии миёнамуддати фарогири раванди татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор 2018-2028”- ро баргузор кард. Ин дуюмин конфронси сатҳи ҷаҳонист, ки пас аз нахустин Конфронси оби соли 1977-и СММ (Аргентина) баргузор гардид.

Дар идомаи мантиқии ин чорабинии сатҳи байналмилалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки давраи солҳои 2018-2028 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», «Соли ҳифзи пиряхҳо» (2025) ва эълони 21 март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» эълон карда шавад. Ин ташаббусро тамоми давлатҳои аъзои СММ якдилона қабул намуданд. Даҳсолаи оянда як платформаи муҳимми муколамаи сиёсӣ ва табодули иттилоот ва таҷрибаро фароҳам меорад, барои ноил шудан ба ҳадафҳо ва ҳадафҳои байналмилалии марбут ба об, аз ҷумла ҳадафҳои дар Рӯзномаи рушди устувор то соли 2030, номбаршуда мусоидат менамояд.

Бо боварӣ метавон гуфт, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ аз имкониятҳои пешниҳодшудаи Даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», илова бар он дар сатҳи байналҳалқӣ коркарди чораҳо оид ба  ҳифзи пиряхҳо дуруст истифода намуда, масъалаҳои марбут ба об ва коҳиш додани ҷабҳаҳои манфии таъғирёбии иқлимро дар ҳама сатҳҳо, аз ҷумла расидан ба ҳадафҳои рушди устувори инсонӣ баррасӣ хоҳад кард.

 

Ризоқулов Т.Р. – муовини ректор оид ба корҳои илм ва инноватсияи ДДҲБСТ, д.и.и., профессор

You might also like