Саҳифае аз дарси худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ

Солҳои 90 уми асри гузашта, дар вазъияти басо мураккаб, ки хавфи бевоситаи аз байн рафтани якпорчагии Тоҷикистон ба миён омада буд, даъват ва баргузории Иҷлосияи XVI Шўрои Олӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) ва аз вартаи бўҳрони сиёсӣ баровардани  кишвар  вазифаи  аввалиндараҷа ба ҳисоб мерафт.

Санаи 16 ноябри соли 1992 Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати  дувоздаҳум) баргузор гардид, ки дар ҷараёни он қарорҳои қатъӣ ва  мушаххас оид ба хотима додани ҷанги гражданӣ қабул  гардиданд, ки онҳо ба роҳи созандагӣ ва ободонии кишварамон қадамҳои аввалро гузоштанд. Дар чунин вазъияти ҳассос кори Иҷлосияи XVI Шўрои Олӣ (даъвати дувоздаҳум) аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд гузаронида шуд. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосия Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи Раиси Шўрои Олӣ интихоб шуданд.

Дар ҳамин иҷлосия сарвари ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон савганд ёд карда, изҳор намуда буданд: «Ман кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард. Ман тарафдори давлати демократӣ ҳуқуқбунёд мебошам. Мо бояд ҳама ёру бародар, тифоқ бошем, то ки вазъиятро ором намоем». Бо ин суханони таърихии худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи басо мушкил, ки дар ҷумҳурӣ ҷанги бародаркушӣ ҳоло давом дошт, тавонист тамоми қувваҳои солиму пешқадам ва  сулҳпарварро дар атрофии худ муттаҳид намоянд, ба мардуми кишвар нерўю умед ба ояндаи нек бахшанд.

Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои аҳамияти таърихӣ гардид. Барои барҳам додани низоъю мухолифат, таъмини оштии миллӣ, муайян намудани асосҳои ҳуқуқии дигаргуниҳои куллӣ ва пешрафти минбаъдаи ҷомеаи тоҷикон, ки зарурати қабули қонунҳои нав, шаклу воситаҳои нави танзими одилонаи муносибатҳои ҷамъиятӣ ба миён омада буданд, Иҷлосия ба таҳия ва қабул гардидани Қонуни асосии кишвар замина гузошт. Бинобар ин, санадҳои қабул намудаи  ин иҷлосияи таърихӣ барои таҳкими ҳокимияти  давлатӣ, ташаккули истиқлолияти мамлакат, ваҳдати миллӣ замина гузошта, дар кишвар ба раванди созандагию бунёдкорӣ оғоз бахшид ва симои аслии Тоҷикистонро дар арсаи байналмиллалӣ муаррифӣ намуд.

Дар иҷлосияи зикршуда қарор  «Дар хусуси ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 августи соли 1990 «Дар бораи ташкили комиссия оид ба тайёр намудани Конститутсияи (Қонуни асосии) Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки дар асоси он Комиссияи нави конститутсионӣ таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон – Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Дар заминаи ин руйдодҳо халқи Тоҷикистон, маҳз бо Конститутсияи кишвар алоқаманд будани заминаи бунёди давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявиро дарк намуда, ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ, бо сарварии пешвои хирадманди худ Эмомалӣ Раҳмон, сарнавишти худро тибқи муқаррароти ин ҳуҷҷати воқеан тақдирсоз муайян намуда, самтҳои пешрафти ҳамаи соҳаҳои зиндагиашро мушаххас гардонид.

Таҳия ва минбаъд дар райъпурсии умумихалқӣ (06 ноябри соли 1994) қабул шудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги таърихии мардуми Тоҷикистон, заминаи боэътимоди ҳуқуқии бунёди давлати тозабунёд ва соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳанги миллӣ гардид. Мардуми Тоҷикистон  ба марҳалаи сифатан нави таърихи инкишофи худ ворид шуд, ва дар кишвар давраи дигаргуниҳои куллӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа оғоз гардиданд.

Имрўзҳо мо дар арафаи  ҷашни  солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Иҷлосияи таърихии XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Бинобар ин, ба ин саҳифаҳои тақдирсоз бори дигар назар мекунем ва ба нақши таърихиву сиёсии онҳо дар сарнавишти кишвари маҳбубамон – Тоҷикистон баҳои арзандаю муносиб медиҳем. Ин саҳифаҳои таърихӣ барои наслҳои имрўзаву оянда бояд саҳифаҳои дарси худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ гарданд.

 

Раҳматулоев А.Э. – профессори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика ва пешгирии коррупсияи ДДҲБСТ

You might also like