Форуми байналмилалии ҷавонон «Барои ҷаҳони бидуни натсизм»

11 майи соли 2023 дар Академияи хизмати давлатӣ ва идоракунӣ дар назди Роҳбари Ҷумҳурии Бошқирдистон дар доираи лоиҳаи «Бо пои далерӣ ва шараф: эстафетаи наслҳо» Форуми байналмилалии ҷавонон «Барои ҷаҳони бидуни натсизм» баргузор гардид.
Чорабинӣ дар толори конфронси конгресси Торатау ташкил карда шуд ва тақрибан 300 иштироккунанда дар он ширкат варзиданд. Форум бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи насли наврас ба идеяи ҷаҳони бидуни натсизм баргузор гардид, ки дар робита ба он мавзӯи асосии форум баҳси ҷараёнҳои неонатсистии замони муосир буд: дараҷаи тақсимот ва воситаҳои муқовимат; сифати зиддиинсонии натсизм, оқибатҳои истилои фашистӣ барои халқҳои ИҶШС.
Дар Форум донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ ва коршиносони ҶХД, ҶХЛ ва Ҷумҳурии Бошқирдистон, намояндагони мақомоти федералӣ ва минтақавии давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, рӯҳониён, олимону коршиносон, ходимони давлатӣ ва ҷамъиятии минтақаҳои Русия ва дигар мамлакатхо (Франция, Белоруссия, Киргизистон, Точикистон, Узбекистон ва гайра) иштирок доштанд.
Бобоҷонов Даврон Дадодҷонович – муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба форум ба тариқи онлайн ҳамроҳ шуда, иштирокчиёни чорабиниро бо ҷашни бузургтарин – Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ табрик гуфт.

 

 

 

You might also like