ТЕРРОРИЗМ БА ЯГОН ДИН, МАЗҲАБ Ё МИЛЛАТ ХОС НЕСТ

Истифодаи истилоҳи «ифратгароии динї», ё ки ба ин ё он дин мансуб донистани ин зуҳурот, сабаби пайдоиши норизогї ва тундравї шуданаш мумкин аст. Ислом ё дигар динро манбаи ифратгарої эътироф кардан аслан хатост.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенди Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Президенти кишварамон Эмомалї Раҳмон дар яке аз Паёми худ ба Маљлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ин мавзӯь гуфтаанд: «Гузашта аз ин, имрӯз дар миёни ҷаҳони Ислом ва Ғарб садо аз нофаҳмї ба вуҷуд омадаст, ки торафт азиму хатарнок мегардад, мутаассифона дар тафаккури доираи муайяни Ғарб чунин аќида ҷой гирифтааст, ки гўё ифратгарої хоси табиати дини ислом – яке аз динҳои ҷаҳонї бошад.”

Чунин муносибат ба мардуми мусулмон, ки аз уќёнуси Ҳинд ва Ором то уќёнуси Атлантик маскунанд ва панҷяки ањолии сайёраро ташкил медиҳанд, аз рўї инсофу адолат нест. Дини мубини ислом чун ҳама динҳои дигар инсониятро ба таҳаммул, тараҳҳум ва тавозӯъ ҳидоят намуда, ҳар гуна зӯроварї ва кушторро маҳкум месозад. Бинобар ин терроризм ва ифратгароиро бо ислом пайванд додан хатої мањз аст. Терроризм ба ягон дин, мазҳаб ё миллат хос нест. Барои он ки дини мубини ислом минбаъд ҳамчун манбаи зӯроварию фишор ќаламдод карда нашавад, мо бояд ба ҷаҳолат маърифатро муќобил гузорем ва бо ҷои муќовимати тамаддунҳо гуфтугӯи тамаддунҳоро ба роњ монем. То замоне инсоният ба ин ҳамкорї ва гуфтугӯи судманд муваффаќ нагардад, хатари терроризм ва ифратгарої боќї мемонад.

Вобаста ба ҳамин ќайд кардан лозим аст, ки ягон дини мавҷудбуда одамонро ба тундгарої, золимї, бераҳмї, куштани одамон ва фаҳш даъват намекунад.

 

Умарова С.И. – муаллими калони кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва минтақаи ДДҲБСТ

You might also like