ТАШАККУЛЁБӢ ВА ФАЪОЛИЯТИ ИСЛОМИ СИЁСӢ ВА ТАЪСИРИ ОН БА ҶОМЕАИ МУОСИР

Байни ҳамаи динҳои ҷаҳон ислом дини сулҳпарвартару иҷтимоитар аст, зеро дар он тафриқаандозӣ ба динию дунявӣ дида намешавад ва умуман тафриқаандозӣ, ки сабаби бисёре аз ҷангу ҷидолҳо аст, маҳкум карда мешавад.

Қонунҳои шариат тамоми муносибаҳои иҷтимоиро танзим мекунанд ва ҳаёти инсон аз рўзи тавлид то марг регламет кунонида мешавад. Шояд маҳз ҳамин хусусияташ бошад, ки истифодабарии эътиқоди динии пайравони ислом барои расидан ба мақсаду манфиатҳои худ аз ҷониби гуруҳҳои гуногун фаъолона истифода мешавад.

Дар тўли таърихи мавҷудияти дини ислом борҳо кушиши сиёсикунонии ислом мушоҳида мешавад. Таърих гувоҳ аст, ки маҳз ҳамин падида, яъне ба сиёсикунонӣ бештар гаравиш доштани пайравони ислом зери таъсири идеологияҳои таҳмилӣ се маротиба миллати тоҷикро дар пешорўи нобудшавӣ қарор дод.

Имоми Аъзам (р) дар воқеъ нобиғаи асрҳо, намунаи ибрат дар ахлоқу одоби фазила ва насиҳату хайрхоҳии уммат аст. Аз ин рӯ, роҳу равиши интихобнамуда ва андешаҳои иҷтимоии ӯро имрӯз аз нисф зиёди мусалмонони дунё қабул дошта, сипосгузорӣ менамоянд. Ин аст ҷавҳари  бузургии сиёсати нарму ростои Имоми Аъзам (р), ки дар тӯли асрҳои зиёд миллионҳо одамонро ба таълимот ва роҳу равиши хеш ҷалб намудааст. Ӯ пайвандгари андешаву тафаккури нави исломӣ ва марди роҳи мутаҳидкунандаи ҷомеа мебошад.

Пас аз пош хўрдани Иттиҳоди Шуравӣ дар як қатор ҷумҳуриҳое, ки аксарияти аҳолиашонро мусулмонон ташкил медиҳанд, ҷараёни сиёсикунонии ислом авҷ гирифт. Агар дар баъзе чумҳуриҳо ин боиси ташаккулёбии гурўҳҳои ифтротгаро ва терорристӣ шуда бошад, дар Тоҷикистон мардумро ба доми ҷанги шаҳрвандӣ кашид.

Баъзе аз ташкилотҳои байналхалқӣ ҳатто баъд аз барқарор кардани сулҳ дар Тоҷикистон ҳам, кўшиш намуданд, ки гўё бо далелҳои тавассути тадқиқоти илмӣ исботшуда зарурати дини (исломӣ) будани режими давлатдориро дар Тоҷикистон исбот намоянд. Ин таҳмилгарони идеологӣ, ки тарроҳони метологиашон хориҷиён буданду истифодабарандагони ин методология як гурўҳ рўҳониён ва зиёиёни таассубӣ, аз услҳои психологии боваркунонӣ истифода мебурданд.

Яке аз далелҳои пешниҳоднамудаи онҳо ин буд, ки дар Тоҷикистон зиёда аз 95,3%-и аҳолӣ мусулмонанд ва бо ин далел Тоҷикистон бояд давлати исломӣ бошад. Аммо, нафаре аз мубаллиѓони ин андеша намегуфт, ки аксари аҳолии Тоҷикистон тарафдори кадом исломанд: исломи сиёсӣ, ки ҳадафаш ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ асту бо номҳои «фундаментализми исломӣ» ва «исломи радикалӣ» низ ишора мешавад ва ё исломи мардумӣ, ки асоси онро таҳаммулпазирӣ ташкил медиҳад.

Тибқи шартҳои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон фаъолияти ҳизби сиёсии динӣ – Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон расман иҷозат дода шуд. Муҳаққиқи машҳур А. Малашенко тарафдорони ин ҳизбро «исломгароёни мутамаддин» номидааст. Албатта, ҳадафи ин ҳизб ҳам ҳамчун ҳизби сиёсӣ ба даст овардани ҳокимият аст. Аммо, шеваи кори он то ҷое фарқ дорад ва аз усулҳои гуногуни психологии таъсиррасонӣ истифода мебарад. Дар фарқият аз дигар ҳизбҳо пешвоёни ин ҳизб барои ба даст овардани ҳокимият таҳаммули бештар доранд, зеро вазифаи аввалиндараҷаи онҳо омода кардани мардум ба пазируфтани давлати исломӣ аст. Онҳо дар равандҳои демократӣ иштирок карда, нишон додани мешаванд, ки ба арзишҳои демократӣ ва озодии виҷдон эҳтиром доранд. Ин танҳо як усули хуби ба вуҷуд овардани иллюзия дар мардум аст, зеро бо дарёфти фурсати муносиб бо роҳҳои ба онҳо хос кўшиши ба даст овардани ҳокимиятро хоҳанд кард ва таҷрибаи ҷаҳонӣ инро борҳо исбот намудааст, ки ин роҳ истифодаи силоҳу зуроварӣ аст. Ба ин кору амали нопоки ТЭТ ҲНИ мо аллакай дар солҳои 90-уми асри гузашта ва кӯшиши охирини онҳо дар соли 2015 шоҳид гардида будем.

Умуман, ислом ин на танҳо дин, балки тарзи ҳаёт аст, ки ошкоро ё пинҳон дар худ фаъолияти сиёсиро таҷассум мекунад. Ин аст силоҳи асосии аҷнабиёне, ки кишвари азизи моро ором ва мардуми онро осуда дидан намехоҳанд ва дини моро ба муқобили мо истифода мебаранд.

 

Хоҷаева Д.А. – декани факултети молияи ДДҲБСТ

You might also like