Мо терроризмро маҳкум мекунем!

Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини сулҳ ва амният, таҳкими волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон тамоми чораҳои имконпазирро меандешад, аммо омилҳое чун терроризм мавҷуданд, ки метавонанд амнияти миллии кишварро халалдор кунанд.

Бояд қайд кард, ки терроризм яке аз зуҳуроти асосии ҷинояти муташаккилона мебошад. Ҳоло, ки Тоҷикистон дар истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ муваффақ шуд ва иқтисоди бозории демократиро пеш гирифтааст, амалҳои террористӣ ба сулҳ ва суботи ҷомеа таъсири манфӣ расонида, раванди ислоҳоти кунуниро халалдор мекунанд. Тоҷикистон ҷонибдори ғояи он аст, ки мубориза бо терроризм яке аз масъалаҳои муҳимтарини имрӯзаи башарият аст.

Мо терроризмро  дар  тамоми  шаклҳо  ва  зоҳироташ   маҳкум карда ва зарурати мутобиқати амали ҳамаи ҷамъияти ҷаҳониро оид ба решакан кардани ин золимӣ дар сатҳи глобалӣ ва минтақавӣ медонем. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад, ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро ҳамаҷониба ҳифз менамояд ва мубориза бурдан ба муқобили терроризм ва пешгирӣ намудани ин ҷиноятро яке аз вазифаҳои асосии худ мешуморад.

Аз Паёми  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани солҳои «2020-2040 бистсолаи омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ», аз фоли неке мебошад барои боз ҳам барои рушд ва такамулли соҳаи илм ва маориф ба шумор меравад. Инчунин ташкил ва баргузории олимпиадаҳои ноҳиявию шаҳрӣ, вилоятиву ҷумҳуриявӣ яке аз аз омилҳои пешравӣ ва ба сатҳи ҷаҳонишавӣ расидани ҷавонон мебошад.

Барои расидан ба худшиносӣ ва худогоҳи миллӣ аз тарафи фонди захиравии Президенти кишвар то ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар як хонадони мардуми кишвар ҳадя кардани китоби безаволи Аллома Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” ин як иқдоми бузург аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Мо омӯзгоронро зарур аст, ки баҳри боз ҳам барои тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстиву инсонпарастӣ кӯшиш ва ғайрати дучанд намоем.

Тошматова М.Д. – н.и.и., дотсент, мудири

кафедраи иқтисоди ҷаҳонии ДДҲБСТ

You might also like