Ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва мубориза ба падидаҳои номатлуб

Баҳри пешгирии ҷавонон аз ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, ҷинояткориву ҳуқуқвайронкунӣ  бо иштироки донишҷӯёну устодони донишгоҳ мулоқоти судманд доир гардид.  Дар вохӯрӣ муовини раиси иттифоқи ҷавонон дар вилояти Суғд Фархриддинзода Фирдавс, мудири шӯъбаи кор бо ҷавонон Саломов Дилшод, муовини декан оид ба корҳои тарбияи факултети ҳуқуқшиносӣ Қобилов Ботурхӯҷа ва донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносӣ иштирок намуданд.Дар мулоқот баромадкунандагон ба донишҷӯён зарар ва паёмадҳои бади гурӯҳҳои экстремистиву террористиро фаҳмонида, аз онҳо даъват ба амал оварданд, ки ҳамеша ҳушёру зирак бошанд то фирефтаи ақидаҳои носолими ин қабил гурӯҳҳо нагарданд.Донишҷӯёни фаъол низ перомуни ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ, гиромидошти арзишҳои таърихиву фарҳангӣ, ҳимояи сарзамин ва мубориза ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ ибрози андеша карданд.

Дар охир аз тарафи донишҷӯёни факултет саҳначаи тарбиявӣ намоиш дода шуд.

 

 

 

 

You might also like