XIII Форуми иқтисодии Авруосиёии ҷавонон

“Ҷаҳони бисёрқутбӣ дар маркази воқеияти нав” 24 – 28 апрели соли 2023 дар Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал XIII Форуми иқтисодии Авруосиёии ҷавонон “Ҷаҳони бисёрқутбӣ дар маркази воқеияти нав” баргузор гардид.
Форум тули чанд солҳо бамувафаққият фаъолият намуда ба як майдони анъанавии ташкили мубоҳисаҳо оид ба масъалаҳои мубрами иқтисоди муосир табдил ёфтааст, ки ба он намояндагони ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ ва сохторҳои соҳибкорӣ аз як чанд кишварҳои ҷаҳон ҷалб карда шудаанд. Форум дар соли 2022 ҳамзамон дар 6 кишвари ҷаҳон баргузор шуд ва 8300 ширкаткунандаро гирд овард.
Имсол форум аллакай дар 11 кишварҳои ҷаҳон баргузор шуда, дар он чорабиниҳои мавриди таваҷҷуҳи ҳам мактаббачагон ва ҳам коршиносони варзидаи соҳаи иқтисод баргузор шуданд.
25 апрел дар доираи форум мизи мудаввар «Ҳудуди инноватсияҳо: имкониятҳо ва уфуқҳои нав» баргузор гардид. Намояндагони Россия, Қазоқистон, Словакия, Тоҷикистон ва Узбекистон дар ин мизи мудаввар ширкат варзиданд.
Дар чорабинии мазкур ҳамчун намояндаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, доктори илмҳои иқтисод, профессор Бобоҷонов Д.Д. баромад кард ва лоиҳаҳое, ки аз ҷониби мутахассисони ҷавон ба озмун пешниҳод шуда буданд ҳамчун коршиноси даъватшуда баҳогузорӣ намуданд

You might also like