ЗИДДИ ИФРОТГАРОӢ МУБОРИЗА БАРЕМ

Давру замоне ки мо дар он умр ба сар мебарем, хеле пуртазод ва хатарзо аст. Ҳар як инсон дар ин марҳила бояд бо андешаи солим ва хиради воло мусаллаҳ бошад. Тавре ба ҳамагон маълум аст, ҲНИ аз оғози фаъолияти худ то давраи манъи он дар қаламрави кишвар бо мақсади амалӣ намудани манфиатҳои ғаразнок ва расидан ба қудрат бо дастури хоҷагони бурунмарзӣ ба ҷиноятҳои  вазнин даст задааст. Дар фаъолияти ҳизб ҷой доштани терроризм, экстремизм, ифротгароӣ, ҷудоиандозӣ, халалдор сохтани ҳаёти осоиштаи мардум ва фазои сулҳу субот ба назар мерасад.

Вазъияти ҷаҳони муосир  хусусан Сурияву Ироқ, щодисаҳои вақтҳои охири Афғонистон, зуҳуроти терроризм ва экстремизм ва паёмадҳои нангину хатарзои он имрӯз тамоми мардуми сулҳдӯсту ватанпарварро ба ташвиш овардааст. Бо боварии том гуфтан мумкин аст, ки амалиёти гурӯҳҳои террористӣ ба ҲНИ ва ДИИШ марбут буда, мақсади он ба сари мардуми бегуноҳ бор намудани ваҳшонияту даҳшатҳо мебошад.

Имрӯз вазъияти хатарбори ҷаҳонӣ тақозо менамояд, ки инсоният бори дигар ба арзишҳои маънавӣ аз қабили инсондӯстӣ, хайру саховат, ватандӯстӣ, садоқату вафодорӣ ба марзу буми ниёгон, виҷдон ва монанди инҳо арҷгузорӣ намояд.

Аммо дар ҷамъият нафароне ҳастанд, ки ин гуна арзишҳои умумибашариро нодида гирифта, баҳри амалигардии манфиатҳои ғаразнок ва нопоки хеш ба рӯзгори ободу осоиштаи мардум халал ворид кардан мехоҳанд. Амалиёти хоинонаи ҲНИ, ки зидди мардумист манфиатҳои давлату миллат арзише надорад.

Агар мо ҳодисаҳои нангини охири асри XX-ро ба ёд орем, равшан мегардад, ки маҳз ҳамин наҳзатиён буданд, ки ба сари мардуми кишвар   ҷанги шаҳрвандиро таҳмил намуда, сабабгори бесаробон мондани даҳҳо оилаҳои тоҷик, доғи марги фарзанд чашидани садҳо модарони тоҷик гаштанд ва миллатро қариб ба нобудӣ расониданд.

Айнан ҳамин гуна ҳодисаҳо дар кишварҳои дигар ба монанди  Сурияву Ироқ ба вуқуъ пайваста истодаанд, ки мо ҳамарӯза тариқи расонаҳои хабарӣ шоҳид гашта истодаем. Дар даргириҳои мазкур ҳазорон нафар мардуми бегуноҳ ба ҳалокат расида, кӯдакон ятиму бепарастор монданд, иқтисодиёти пешрафтаи  ин давлатҳо коста мегардад. Ҳамаи ин ҳодисаву воқеаҳо ба сари халқи ин кишварҳо аз ҷониби ҳаммаслакони ҲНИ-ДИИШ амалӣ гашта истодаанд.

Мутаассифона, бархе аз шаҳрвандони мо низ ба гурӯҳҳои хунхор шомил буда, шумораашон бештар аз 500 нафарро ташкил медиҳад. Шигифтовар он аст, ки ин гуна афроди раҳгумзада фарзандони ноболиғ ва зану хоҳарони худро низ ба минтақаҳои хатарнок бурдаанд ва сабабгори парешонӣ ва ҳалокати наздикони хеш гаштаанд.

Коршиносон ақида доранд, ки ҲНИ ва ДИИШ мақсаду вазифаҳои ягона доранд.ДИИШ гурӯҳи хеле хатарноки террористӣ буда, дар давоми чанд соли охир бо хунрезиҳои бемисл, ваҳшонияту куштор ҷомеаи ҷаҳониро нигарон намудааст.Хатарҳои ҳалокатборро  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарк намуда, ҳамасола дар Паёмҳои навбатии хеш ба Маҷлиси Олӣ оқибатҳои ҳалокатбори ин амалҳои зиддиинсониро баён намудаанд.

Президенти кишвар дар яке аз  суханрониҳояшон бо изҳори таассуф чунин қайд намудаанд:

«Мутаассифона, дар олами ислом равияҳое низ арзи вуҷуд кардаанд, ки баъзе амалҳояшон ба фитнакориву тафриқаандозӣ равона гардидаанд. Ин ба моҳияти дини мубини ислом мухолиф аст ва ба он иснод меорад.

Мо бояд ба фитнаҷӯиву тахрибкорӣ дар ҷомеа роҳ надиҳем. Зеро сулҳу суббот, ҳамдигарфаҳмӣ ва аъмоли неку созанда барои мо аз ҳама афзалтаранд».

Имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад, бар зидди терроризм ва экстремизм муқовимат ба роҳ монда, бо мақсади мубориза бо гурӯҳҳои ҷинояткор 16-уми ноябри соли 1999 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)»-ро қабул кард.

Дар робита ба ин, бояд дар таҳкими истиқлолият, Ваҳдати миллӣ ва ободониии кишвар, барои нигоҳ доштани фазои сулҳу субот дар кишвари азизамон ҳамеша кӯшиш ба харҷ диҳем ва нагузорем, ки гурӯҳҳои тахрибкор оромии моро халалдор намоянд.

Аҳли ҷомеа, хусусан ҷавонон бояд бидонанд, ки ворид гардидан ба ривияҳои ифротӣ ҳеҷ хизмате ба ислом набуда, балки бадном намудани номи мусулмонон ва дини мубини ислом мебошад.

Амалҳои ифротгароёна ва хоинонаи пайравони ин созмони харобкор аҳли ҷомеаро водор менамояд, ки пайваста ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд ва баҳри абадан решакан намудани он тадбирҳо андешанд.

Имрӯз миллати тоҷик ва мардуми кишвари Тоҷикистон дар фазои сулҳу осоиш ба меҳнати босуботу созанда ва бунёдкорона машғул аст ва хуб мефаҳмад, ки танҳо сиёсати хирадмандонаю дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мамлакатро ба сӯи ояндаи дурахшону босаодат раҳнамун месозад. Маҳз хиради созандаву бунёдкори сарвари кишвар буд, ки имрӯз дар  мамлакати мо сулҳу субот пойдор аст.

 

Раҳмонова Н.Р. – муовини декан оид ба корҳои тарбияи факултети инноватсия ва телекоммуникатсияи ДДҲБСТ

You might also like