ТЭТ ҲНИ НА ТАНҲО БАЛО, БАЛКИ ВАБО ОВАРД!
Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикиситон аз оғози фаъолияташ сиёсати дурўйагӣ, фиребу зўровариро пеш гирифта ба ҷомеа ва ҳукумати қонунии ҷумҳурӣ муносибати хиёнаткорона мекард. Чунончӣ, моҳи майи соли 1992 дар натиҷаи ҳуҷуми дастаҳои яроқноки ҳизби наҳзат ба бинои Шўрои Олии Тоҷикистон якчанд нафар ҳалок гардиданд, ки ҳоло аз ёдҳо нарафтааст.
Дар солҳои ҷанги бародаркуш ҲНИ сиёсати экстремистӣ террористиро пеша намуда, ба муқобили ҳокимияти қонунии ҷумҳурӣ муборизаи шадид мебурд.
Пас аз ба имзо расидани Созишномаи сулҳи тоҷикон сарвари ҲНИ С.А.Нурӣ ваъда дод, ки дигар ҳодисаҳои нангину хунини гузаштаро наҳзатиҳо, ки ҳизби исломӣ ном доранд, такрор намекунад.
Дар урфият мегўянд: – дили одаткарда балои ҷон, ҳамин тавр ҳам шуд. Раванди ҳаёт нишон дод, ки он ваъдаҳо дурўғ буданд, насҳатиҳо ба мардум, ба тамоми ҷомеа, на танҳо бало, балки вабо оварданд. Онҳо дар марҳилаи нав бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ ва раҳнамоии хоҷагони хориҷиашон сиёсати экстремистӣ – террористиро пеша намуда, барои бо роҳи зўроварӣ гирифтани ҳокимият мубориза бурданд, ба ҳамагон маълум аст, ки онҳо нақшаи ғасби ҳокимияти қонуниро доштанд, яъне табаддулоти давлатиро.
Маблағҳои калоне, ки ХНИ аз баъзе давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои исломии хориҷӣ мегирифтанд ба ана ҳамин корҳои зишту ғаразнок истифода мешуданд.
Аслан фаъолияти террористии ҲНИ баъд аз таъсисёбии ДИИШ боз авҷ гирифт, аз ғалабаҳои мувақатии ДИИШ рўҳбаланд гардида, дар ҷумҳурӣ амалиёти нопоки худро боз ҳам фаъол намуд.
Дар натиҷа, воқеаҳои моҳи сентябр, ки аз тарафи ҲНИ бо роҳбари узви раёсати олиии ҳизби мазкур А.Назарзода оғоз гардид, ки мақсадаш бо роҳи яроқ натанҳо бало, балки вабо овардан буд ва ҳамчун ҳизби террористӣ шинохта шуд. Дар натиҷаи ин воқеаи нангину хиёнаткоронаи ин гурўҳи бадхоҳ ҷони чандин нафар ҷавони ватандўсту бонангу номус аз ҳаёт канда шуд. Худи ҳамин гувоҳи он аст, ки имрўз мардуми тоҷик чӣ пиру чӣ барно, намегузоранд то пои ягон нохалафе ба сарзамини мо афтад, дар ин роҳ тайёранд ҷони худро нисор намоянд.
Амалҳое, ки наҳзатиён карданду мехоҳанд боз давом диҳанд барои барангехтани кинаву адовати сиёсӣ ва динӣ, халалдор сохтани амнияти давлату ҷомеа ва паҳн кардани тарсу ваҳм дар байни аҳолӣ аст. Боз дигар корҳои зишту ношоям ва хиёнат ба халқу миллат буд, ки ҳамаи он асоси қонунӣ дорад, боз чӣ мехоҳанд онҳо? Боз даъвои бегуноҳӣ мекунанд….? Бо ин роҳ насҳатиён мехоҳанд худро дар назди ҷаҳониён бегуноҳ нишон диҳанд. Имрўз Тоҷикистонро бо пешниҳодҳои сулҳҷўёнааш тамоми ҷаҳон мешиносад, ҷомеаи ҷаҳонӣ сафедро аз сияҳ фарқ карда метавонад ва аҳолии Тоҷикистон, ки ҷанги бародаркушро аз сар гузаронидааст намегузорад, то душманонаш дар зери ниқоби ислом нуфузи давлатдории миллиамонро паст занад ва боз ҳам моро ба гирдоби бесарусомониву ҷангу ҷудол кашад.
Акмалова М. – декани факултети «Сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ»-и ДДҲБСТ