ҶАВОНОН – ОЯНДА ВА БУНЁДГАРӢ ФАРДОИ МИЛЛАТАНД
Вақте, ки сухан дар бораи ҷавонон меравад, ин ҷо бевосита суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ-миллӣ, Пешвои миллат, Президети кишвар мущтарам Эмомалӣ Раҳмон вирди забон меояд, ки “Ҷавонон ояндаи давлату миллатанд”. Аз ин рӯ Ҳукумату давлат ба ҷавонон ва ба неруву созандагии онҳо боварӣ ва эътимодӣ калон дорад. Моро зарур аст, ки тарбияӣ ҷавононро дуруст ба роҳ гузорем. Боиси қайд аст, ки ҳар як чорабинӣ ва баромадҳое, ки доир мегарданд, ин пеш аз ҳама барои баланд бардоштани малака ва маҳоратӣ сиёсии ҳаёти ҷавонон, ки онҳо давомдиҳандаи ҷомеаи мо мебошанд, ба нақша гирифта мешавад. Дар тамоми кишварҳои дунё ба неру, сифат ва қувваи пуриқдидорӣ бунёдкоронаи ҷавонон, ки онҳо рамзи ҳастии миллатанд, онҳоро мешиносанд ва эътирофашон мекунанд,боварии бузург доранд.
Яке аз муҳимтарин арзишҳои сиёсиву иҷтимоии башарият ин истиқлолият мебошад, ки он ҳамсангу ҳамарзиш бо озодист. Таърихи инсоният пур аз муборизаҳои бардавому фидокорона баҳри озодист. Мардуми тоҷик табиатан истиқлолиятхоҳу озодидӯст аст. Таърих гувоҳ аст, ки барои ҳимояи марзу буми хеш, яъне барои ҳимояи истиқлолияти худ тоҷикон чӣ гуна ҷоннисориҳо намудаанд. Ташаккули давлату давлатдориро барои расидан ба истиқлолияти воқеии миллӣ тай намуданд. Даҳсолаи охири асри 20-ум барои халқи тоҷик хадяи беназиру дилпазири таърихӣ дод. Ҷавонони соҳибистиқлол дар ҳама давру замон қувваи пешбарандаи ҷомеа буда, ояндаи миллату давлат ба онҳо вобаста аст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барои тарбияи ҷавонон як зумра қонуну санадҳо қабул кардааст, ки барои фаъолияти озодонаи ва ибтикори онҳо шароити васеъ фароҳам меорад. Мо дар замоне қарор дорем, ки раванди ҷаҳонишавӣ таҳдидҳои зиёд дорад.
Имрӯз бо ибтикор ва дурнамои созандагиву сарпарастии босуботонаи Роҳбари давлат, ҷавонони мо дар зери шуъои давлатӣ соҳибистиқлолии кишвар бо ташабуссу лаёқатӣ зеҳнии хеш мақому мақсадӣ некӣ худро бо рафторҳои шоёнашон амалан рушду такомул дода метавонанд, ки ин мояъи ифтихору сарфарозии мост.
Қайд намудан зарур аст, ки имрӯз ҷавонони болаёқатӣ даврони мо дар соҳаҳои гуногуни касбӣ малакаву иродатӣ худро пеша карда, дар озмунҳои вилоятӣ ва ҳам ҷумҳуриявӣ иштироки фаъолона намуда,маҳорати донишомӯзии худро нишон дода тавонистаанд , ки ин албатта муваффақиятӣ мо омӯзгорон мебошад. Боиси таҳсин аст, ки айни ҳол ҷавонони мо дар соҳаҳои гуногуни иҷтимоиву маданӣ маърифатӣ фарҳангӣ ва ҳамзамон дар қувваозмои маҳоратӣ варзишии хуро сайқал дода тавониста, Тоҷикистонро дар дохил ва дар хориҷӣ кишвар муаррифӣ намуданд.
Ҳамкунун мо аҳли зиёи кишварро зарур аст, ки сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлатро ҳаматарафа дасгирӣ намоем, барои беҳтар намудани омӯзиши ҷавонон, шароитҳои ба талабот ҷавобгӯйро дуруст ба роҳ гузорем,зеро аз баландшавии тассавуроти илмӣ ,эҳтиромӣ онҳо нисбатӣ арзишҳои муқаддасотӣ миллӣ бештар мегардад. Ҷавонони мо инсонҳои хушбахтанд,ки дар пояи Истиқлолияти кишвар,тинҷиву осудагии сарзамини зебоманзарӣ Тоҷикистон ҳаёт бар сар доранд. Бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ ва омӯзониданӣ дарсӣ шуҷоату мардонагӣ ва талқин доани одобу футтуватӣ Қаҳрамонҳои Халқи Тоҷик ба монанди : Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Эмомалӣ Раҳмон, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, басо рамзист.
Дарёфт намудани лаёқатӣ касбии онҳо ва шароити мусоид пешкаш кардан баҳри омӯзишӣ ингуна ҷавонон моро зарурият аст,ки онҳоро дастгирӣ ва роҳбаладӣ намоем.
Дар хулас чи тавре, ки қайд намудем, имрӯзҳо ҳукумати мамлакат барои инкишофи озодонаи ҷавонон ҳама шароитҳоро муҳайё сохтааст.Тавре дар боло қайд намудем имрӯз ҷавонони мо имкониятҳои васеъ доранд,ки таҳсили худро ҳам дар дохили кишвар ва ҳам берун аз он давом дода метавонанд.Агар, ки ҳар ҷавони кишварро заррае дар дил меҳри ватан,эҳтиром нисбати арзишҳои миллӣ маскан гирифта бошад, боиси хушбахтист. Албатта ҷавонони хуштоъле бояд бидонанд, ки барои бунёди Ватан ва сохти давлати ҳуқуқбунёди демократӣ нақшӣ созандагии онҳо низ аз мадди назар дур нест. Пас ҷавонони морро зарур аст, ки дониш ва комилҳуқуқии худро қадр намуда, дар партави сиёсатӣ пешгирифтаи Роҳбарӣ давлат андеша намуда, баҳри истиқбол гирифтани ҷашни бошукӯҳи миллат, 35-солагии Истиқлолиияти давлатӣ саҳмгузор бошанд.
Маҷидова Д.И. – дотсенти кафедраи забони англисии ДДҲБСТ