Ҳилаҳои Кабирӣ ва оқибатҳои он

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун кишвари ташаббускор дар сатҳи байналмилалӣ дар сафи пеши мубориза бо зуҳуроти хатарноки терроризм қарор дорад. Новобаста ба ин  баъзе шахсон вайрон кардани сохти Конститутсионӣ ҳаракатҳои мухолифро назорат намуда, ба ҳар гуна корҳо машғул мешавад.

Далели ихтилоф доштани ТЭТ ҲНИ ба низоми давлатдории миллӣ дар он аст, ки дар оинномаи ҳизби мазкур на дар асоси андешаи миллӣ, балки дар асоси ақидаи динӣ таъсис ёфтааст ва танҳо дар партави андешаи сиёсии исломӣ фаъолият мекунад. Ба ҳамаи онҳое, ки аз диншиносӣ ва исломшиносии илмӣ бархӯрдоранд, маълум аст, ки ислом дини космополитикӣ (оламватанӣ) буда, дар ақидаи исломӣ на миллат ва давлати миллӣ, балки уммат (умумияти динӣ ва хилофат) ҷой дорад. Бо истифода аз ин ақида араб давлатҳои миллии аҷамро барҳам ва арзишҳои миллии онҳоро такфир намуда, империяи худро бо унвони «Хилофат» бунёд намуд ва дар мафкураи мусулмонон идеяи хилофатро бо нақши меҳварӣ доштани қабилаи Қурайш дар он ҷойгузин кард, ки ин яке аз сабабҳои асосии бештар сиёсишавии ислом ва ба фирқаҳо тақсимшавии мусулмонон ва пайдошавии низоъу ҷангҳои байнимазҳабӣ дар ҷаҳони ислом буд, ки оқибат хилофатро заиф сохт ва дар садаи XIV дар он туркони усмониро сарнишин кард.

Мардум чӣ будани ҷангу низоъ ва даргириҳои қавмию гурӯҳӣ ва динӣ – мазҳабиро дар ибтидои солҳои навадумӣ асри бист хуб дарк кардааст ва аз нӯшобаи заҳрогини дурӯғ, дасиса, найранг, ҳиллабозӣ, кинатузӣ, фурсатшуморӣ, мансабталошӣ , авомфиребӣ ва худотарошии  ,,пирон” ва ҳаммаслакони ТЭТ ҲНИТ дар  гузашта боиси зиддиятҳои сахти қавми , гурӯҳӣ, динӣ- масҳабӣ қаламравии ҷумҳурӣ гардид ва бо дасти олудаи бегонапарастони ватанӣ, ки дар шахсони симоҳои ,,авлиёгунӣ”-и ҳизбӣ рӯйи саҳнаи муборизаҳои миллатситез омода буданд, тухми кинаю адовати динию мазҳабӣ кошта шуд.

Муҳиддин Кабирӣ мисли ҳамешагӣ худ ва ҳамдастони собиқашро бегуноҳ арзёбӣ намуда, ҳамаи айбро бар мақомоти давлатӣ ҳавола мекунад. Бояд қайд кард,  ки дар ин кор Кабирӣ ба ҳар роҳу восита мехоҳад, хешро аз қабзаи террорист будану ба ҷиноят даст задан ёрӣ нишон диҳад. Мо мутмаъинем, ки дер ё зуд Муҳиддин Кабирӣ ба аъмоли террористиаш, ки боиси марги садҳо нафар гардидааст, дар назди қонун ва миллати тоҷик ҷавоб хоҳад гуфт. Аз таърих маълум аст, ки ҳанӯз, баъд аз истилои араб, вақте ки давлати Тоҳириёни тоҷик дар муқобили хилофати араб ба вуҷуд омад, халифаи араби аббосӣ дар ҳамкорӣ бо рӯҳонияти тоҷик онро аз байн бурда буданд.

Дар давраи «табартақсим» кардани тоҷикон ба ҳудудҳои мухталифи ҷамоҳири шӯравии сотсиалистӣ дар садаи ХХ бо далели ҳаммазҳаб будани тоҷикон бо мардумони турк рӯҳонияти тоҷик ба пантуркистон, ки мавҷудияти тоҷикро дар қаламрави Осиёи Миёна инкор мекарданд, ягон муқобилият нишон надоданд. Ҳол он ки онҳо он замон қувваи бузурге буданд. Дар давраи истиқлолияти миллӣ-давлатӣ, оқибатҳои сангини пайвастани дину сиёсатро дар таъриху тақдири тоҷикон мо дар мисоли фаъолияти ҳизби сиёсӣ-динии наҳзати исломии Тоҷикистон дар солҳои 90-ӯми садаи ХХ баръало мушоҳида мекунем, ки ҳанӯз аз хотираи мардум шуста нашудааст. Оқибатҳои харобовари фаъолияти сиёсӣ-динии ҲНИТ ҳанӯз бартараф нагардидааст.

Инак, нигаронии сарвари давлат, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон  низ бобати ин мавзуъ зиёд мебошад, ки мегӯянд ҷавонон худро аз ҳар гуна зухуроти номатлуб дур гиранд ва фирефтаи ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо нашаванд. Имрӯз хушбахтона Тоҷикистони соҳибистиқлол дорои якчанд мактабҳои олӣ гаштааст, ки ба ҳамаи ҷавонон давлат имконият медиҳад, ки бевосита таҳсил намуда  соҳиби маълумоти олии шаванд ва дар оянда дар рушду нӯмӯи кишварамон саҳмгузор бошанд.

 

Солиев Ш.Х. – сурмуаллими кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

You might also like