Изҳороти кафедраи андоз ва андозбандӣ нисбати сомонаи Isloh.net
“Isloh.net” аз зумраи сомонаҳои тарафдор ва тарғибгари ақидаҳои ифротии ТЭТ ҲНИ ва Паймони ба ном миллӣ мебошад. Дар сомонаи мазкур хабару гузоришҳои бардурӯғи масъули сомона Муҳаммадиқболи Садриддин дарҷ мегардад. Ба воситаи сомонаи худ ин гуруҳи ифротӣ мехоҳанд шуури мардуро вайрон созанд. Лек ҳеҷгоҳ ба мақсад намерасанд.
Мо, устодони кафедраи мазкур ҷонибдори сиёсати дохилӣ ва берунии Ҳукумати Тоҷикистон буда, иқдомҳои некӣ Пешвои миллатро ҳаматарафа дастгирӣ менамоем. Мехоҳем, ки дар Тоҷикистон, кишвари азизамон доимо сулҳу ваҳдат бошад. Барои пешрафти илми тоҷик, тайёр намудани мутахассисони ҷавону эҷодкор фазои софу эҷодкорӣ бошад. Вале, намояндагони Паймони милли Тоҷикистон бо баромадҳои худ сулҳу ваҳдати тоҷиконро халалдор менамоянд. Суханрониҳои онҳо, ки дар шаҳрҳои Аврупо ягон асосе надорад. Мисли саг мечаққанд.
Мо нағз дарк менамоем, ки аксари гурўҳҳои ифротӣ аъмоли нангини худро таҳти ниқоби Ислом содир мекунанд. Ҳоло он, ки дини Ислом аслан ва моҳияти зидди ифротгароиву хушунат ва қатлу куштор буда, баръакс одамонро ба сулҳ ба инсондўстӣ, эҳтироми якдигар ва корҳои нек ҳидоят менамояд.
Бинобар ҳамин, мо кўшиш менамоем, ки донишҷўён ва мутахассисони ояндаро дар руҳияи ватандўстӣ, инсондўстӣ, меҳнатдўстӣ, эҳтироми якдигар ва ба ҷо овардани корҳои неку хайр омода намоем .
Аҳли устодони кафедраи андоз ва андозбандии ДДҲБСТ