ДДҲБСТ: Хусусиятҳои хоси таъмини сифати таҳсилоти олии касбӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ

17 марти соли 2023 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмию методӣ таҳти унвони «Хусусиятҳои хоси таъмини сифати таҳсилоти олии касбӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ» баргузор гардид.
Дар кори ҳамоиши байналмилалӣ як зумра олимону коршиносон, роҳбарону намояндагони марказҳои илмиву таълимии дохил ва хориҷи кишвар иштирок ва баромад карданд. Конференсияро муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, профессор Тӯрақул Ризоқулов ифтитоҳ кард.
Иброз гардид, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ҷустуҷӯ ва дарёфти роҳу усулҳои пешқадаму муосири таълим, мустаҳкам намудан ва ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимиву илмӣ, васеъ ҷорӣ кардани технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, ба роҳ мондани ихтисосҳои нави ба талаботи иқтисоди миллӣ ҷавобгӯй ва воридшавӣ ба фазои ягонаи таҳсилот дар маркази таваҷҷӯҳи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ қарор дорад.
Сипас, муовини ректор оид ба корҳои таълими Донишкадаи молияи шаҳри Тошканд профессор Меҳмонов Султоналӣ Умаралиевич, ҳуқуқшиноси хизматнишондодаи Ҷумҳурии Ўзбекистон, намояндаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии шаҳри Тошканд профессор, Замира Эсанова тариқи онлайн баромад карда, мавзӯи ҳамоишро муҳим маънидод намуданд.
Дар идомаи кори ҳамоиш маърӯзаҳои олимону коршиносон – дотсенти кафедраи «Макроиқтисодиёт»-и Донишгоҳи миллии Ўзбекистон ба номи Мирзо Улуғбек Лола Султанова дар мавзӯи «Инновационные подходы к разработке учебных курсов в университетах», дотсенти кафедраи «Омори баҳодиҳӣ ва сармоягузорӣ»-и Донишкадаи молияи шаҳри Тошканд Лола Сабирова бо номи «Пути совершенствования образовательного процесса», дотсенти кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудити МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров» Абдуғафор Абдураҳимов таҳти номи «Вопросы подготовки профессиональных бухгалтеров и аудиторов в соответствии МСФО» ва дотсент, мудири бахши идоракунӣ ва мониторинги сифати таҳсилоти Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Адолатхон Абдуллоева дар мавзӯи «Современные подходы к обеспечению качества образования в Республике Таджикистан: задачи и проблемы» баромад карданд.
Мубодилаи афкор байни олимону мутахассисон дар кори конференсия ба таъмини сифати таҳсилоти олии касбӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ва омода кардани мутахассисони рақобатпазир дар истеҳсолот мусоидат хоҳад кард.

 

You might also like