Саҳми ҷомеаи меҳнатии ДДҲБСТ дар тозаву озода намудани муҳит

11-уми марти соли равон дар асоси нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, бахшида ба сазовор ҷашн гирифтани Наврӯзи байналмилалӣ, ҷиҳати ободу зебо гардонидан ва тозаву озода нигоҳ доштани муҳити атроф,биноҳои таълимӣ, кабудизоркунии қитъаҳои вобасташуда шанбегӣ гузаронида шуд.
Лозим ба зикр аст, ки барои Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон аз Маҷмааи фарҳангӣ-фароғатии “Истиқлол” то истгоҳи маркази саломатии №5-и шаҳри Хуҷанд ҳудуди шанбегӣ муайян гардида буд. Ёдовар мешавем, ки зиёда аз 300 нафар устодон, кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ саҳми худро барои зебо гардонидани шаҳр саҳми худро гузоштанд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like