Тавонмандсозии насли оянда: омўхтан аз таҷрибаи занони бонуфуз дар соҳаи ҳуқуқ

6-уми марти соли 2023 дар Маркази таҳсилоти рақамии Донишгоҳи давлатиии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба муносибати Рузи байналмилалии занон мубоҳиса дар мавзўи «Тавонмандсозии насли оянда: омўхтан аз таҷрибаи занони бонуфуз дар соҳаи ҳуқуқ» баргузор гардид. Дар он донишҷўдухтарони факултети ҳуқуқшиносии ДДҲБСТ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи Славянии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Данғара дар рафти мубоҳиса аз таҷрибаи занони муваффақ дар соҳаи ҳуқуқшиносӣ – муовини аввали Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Ализода, Судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавҷуда Пӯлодӣ, ҳуқуқшиноси номдор Дилрабо Самадова ва дигарон иштирок ва баромад намуданд. Дар рафти мубоҳиса донишҷӯдухтарони факултет бо роҳбарии н.и.ҳ., дотсенти кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва байналмилалӣ Ҳомидова М.Ф., муаллими калони кафедраиҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ Кабирзода Г. иштирок намуда, пешниҳоду тавсияҳои ҷолиби диққати хешро пешкаш карданд.

 

 

 

 

You might also like