ДДҲБСТ: Мулоқот бо намояндагони мақомоти прокуратура

03 марти соли 2023 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мулоқоти намояндагони мақомоти прокуратураи вилояти Суғд бо устодону донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид.
Дар мулоқоти мазкур муовини якуми прокурори вилояти Суғд Кенҷабой Раҳматов, прокурори калони шўъбаи назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонони прокуратураи вилояти Суғд Хуршед Худоёрзода иштирок карданд.
Мулоқотро муовини ректор оид ба корҳои таълими донишгоҳ Ҳаким Ғаюров ифтитоҳ карда, мавзӯи онро мубраму саривақтӣ арзёбӣ кард. Қайд гардид, ки имрӯзҳо равандҳои геополитикӣ ҳамоно мураккабу печида боқӣ монда, боиси афзоиши мухолифату низоъҳо, шиддат гирифтани рақобат ва талоши кишварҳо барои тавсеаи нуфуз дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон гардидаанд.
Ин ҳолат боиси ба миён омадани таҳдиду хатарҳои бесобиқаи амниятӣ гардида, дар маҷмӯъ, ба сохтори бунёдии муносибатҳои байналмилалӣ таъсири ҷиддӣ мерасонад.
Сипас, муовини якуми прокурори вилояти Суғд Кенҷабой Раҳматов баромад карда, перомуни Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди иштирокчиён маълумот дод. Иброз гардид, ки Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ барномаи мукаммали давлатие мебошад, ки фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакатро таҳлилу баррасӣ намуда, рушди минбаъдаи онро муайян месозад. Ҳамзамон номбурда доир ба вазъи сиёсии минтақа ва ҷаҳон, ташаббусҳои Ҳукумати мамлакат доир ба мубориза ба хатарҳои ҷаҳони муосир аз қабили терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонқнии маводи мухаддир ибрози андеша кард.
Дар идомаи мулоқот дотсент, мудири кафедраи ҳуқуқи гражданӣ ва меҳнатӣ Ғолибҷон Санавваров дар мавзӯи «Паёмҳои пешвои миллат – таҳкимбахши сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва сармутахассиси шуъбаи корҳои тарбия Маъруфҷон Ҳасанов зери унвони «Терроризм ва экстремизм – хатар ба амнияти инсоният!» маърӯза намуданд.
Зимни баромади баромадкунандагон қайд шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин доғи рӯз чунин нуктаро баён кардаанд: «Терроризм ва экстремизм чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ дошта, террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст».
Илова шуд, ки яке аз масъалаҳои ҷиддии замони муосир, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор овардааст, суръатёбии раванди радикализм, ифротгароӣ ва даҳшатафканӣ ба ҳисоб меравад ва амалан дар ҳамаи қитъаҳои ҷаҳон тамоюли паҳншавиро дорад. Аксаран ин амалҳо зери ниқоби шиорҳо ва арзишҳои динии бебунёд сурат мегиранд. Хулоса, барои мубориза бурдан бо радикализм, ифротгароӣ ва терроризим бояд ҳамаи қишрҳои ҷомеа масъулият эҳсос намуда, дар якҷоягӣ мубориза барем ва ҷомеаро аз гирдоби дардноки оқибати он эмин нигоҳ дорем.

You might also like