Баргузории семинари таълимию методӣ дар донишгоҳ

Яке аз самтҳои асосии фаъолияти мактаби олӣ- самти методии ташкили раванди таълим маҳсуб меёбад. Таҳкимбахшии методикаи таълим ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот дар мактабҳои олӣ заминаи мустаҳкам мегузорад.
Бо мақсади такмил додани маҳорати методии омўзгорон 15 феврали соли 2023 семинари таълимию методии кафедраи фанҳои риёзӣ ва табиатшиносии муосир баргузор гашт. Дар семинари мазкур ду маъруза шунида шуд. Сараввал н.и.ф.-м., муаллими калони кафедра Муродова М.Н. дар мавзўи “Истифодаи масъалаҳои мантиқӣ дар раванди таълими математика” маърӯза намуда, иброз дошт, ки масъалаҳои мантиқӣ барои инкишофи тафаккури таълимгирандагон аҳамияти хоса дорад. Сипас якчанд мисолу масъалаҳои мантиқӣ ҳал карда шуданд.
Дар қисмати дуюми семинар баромади муаллими калони кафедра Ҷалилова У.Т. дар мавзўи «Ташаккули тафаккури интиқодии донишҷўён дар дарсҳои математика» шунида шуд. Ҷалилова У.Т. таъкид намуд, ки масъалаи ташаккули тафаккури интиқодии донишҷўён хеле мубрам гардида, ҷиҳати амалисозии он кўшишу рағбати омўзгорон бояд дучанд бошад. Зеро дар замони муосир нақши тафаккури эҷодӣ, интиқодӣ ва рушдёфта дар ҳалли масъалаи соҳаҳои мухталиф хеле муҳиманд ва нақши асосиро мебозанд
Дар ҷамъбасти семинари таълимию методӣ, дотсент Зиёмидинов Б.М. сухан карда, оид ба маърўзаҳои шунидашуда фикру ақидаҳои худро иброз намуд.
Қайд намудан лозим аст, ки дар семинар донишҷўёни курси 3-юми ихтисоси омўзгори математика ва информатикаи донишгоҳ низ иштирок намуда, барои такмили таҷрибаи худ баҳра бардоштанд.

You might also like