Саҳми Пешвои миллат – дар таъмини сулҳу субот дар кишвар

Тавре ҳамагон медонем, баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ оғоз ёфт, ки кишварамонро дар ҳолати ногувор қарор дода, иқтисодиёти онро хароб кард. Чи хеле ки аз таҳлили мутахассисону олимони иқтисоддон бармеояд, ҷанги шаҳрвандӣ ба иқтисодиёти кишварамон зиёда аз 10 миллиард доллари амрикоӣ зарари моддӣ расонд. Аз ҷониби дигар, гусасташавии риштаҳои ҳамкории шарикӣ байни давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикистонро ба бунбасти коммуникатсионӣ рӯ ба рӯ намуд. Сатҳи бекорӣ дар ин давра ба ҳадди ниҳоии худ расид. Сатҳи камбизоатӣ ба 80% расид, ки дар маҷмуъ чунин вазъият ҳолати хеле ногуворро дар иқтисодиёти миллӣ ба миён овард.

Маҳз дар чунин давраи мушкилу ҳассос тақдири миллатро Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зима гирифтанд, ки мо инро ҳеҷ гоҳ фаромӯш карда наметавонем. Пешвои миллат аз рӯзҳои аввал кӯшиш намуданд, то вазъи сиёсии кишварро ба эътидол оварда, пастравии сатҳи истеҳсолотро боз доранд ва иқтисодиёти кишварро аз вазъи номусоид берун оранд. Бо гузашти солҳо таърих собит намуд, ки маҳз бо шарофати хизматҳои бузурги Сарвари хирадманди кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва хиради бузури сиёсии ӯ Тоҷикистон ба сарзамини сулҳу салоҳ табдил ёфт. Дар муддати на чандон тӯлонӣ Тоҷикистон ба рушди босуботи иқтисодӣ муваффақ гашт…Тавре аз таҳлили олимони иқтисоддон бармеояд, бахусус баъди ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ вазъи макроиқтисодӣ дар ҷумҳурӣ ба эътидол оварда шуда, иқтисодиёти ҷумҳурӣ рӯ ба барқароршавӣ ниҳод ва шуруъ аз соли 2000-ум марҳилаи сифатан нави иқтисодиёти мамлакат оғоз шуда, иқтисодиёти кишвар рӯ ба пешрафт овард.

Бомаврид аст, ки чанде аз рақамҳои илман асоснокшударо мисол орем. Яке аз ҳадафи асосие, ки Пешвои миллат баъди барқарор намудани сулҳу субот дар назди худ гузоштанд, масъалаи паст намудани сатҳи камбизоатӣ, бекорӣ ва ба ин восита таъмин намудани шуғли аҳолӣ буд. Бо ин мақсад Пешвои миллат як қатор қарорҳоро қабул намуданд, ки бобати коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ замина гузоштанд. Масалан, агар дар соли 1991 сатҳи камбизоатӣ 80%-ро ташкил медод, пас дар соли 2015 ба 31% коҳиш дода шуд.

Пӯшида нест, ки таъмин намудани аҳолии қобили меҳнат бо ҷои кори доимӣ яке аз вазифаи мураккаб дар назди давлат мебошад. Таҷриба нишон дод, ки сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт натиҷаи хуб дошта, ба ҳар як шаҳрванд имконияти кор ва фаъолият фароҳам оварда шуд.

Дар бораи саҳми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иқтисоди миллӣ боз метавон далелҳои зиёд овард. Муҳимтар аз ҳама, имрӯз тавре ҳамагон шоҳидем, ҳадафҳои стратегии Пешвои миллат барои муҳайё намудани шароити ҳарчӣ беҳтари зиндагӣ барои сокинони кишвар заминаи мусоид фароҳам оварда истодааст. Аз ин рӯ, дар ҷавоб ба ин ҳама сокинони кишвар, бахусус ҷавононро зарур аст, ки дар амалӣ гардидани сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста саҳмгузор бошанд.

 

Хоҷаева М. И. – мудири кафедраи аудит ва ревизияи ДДҲБСТ

 

You might also like