Истиқлолият ин неъмати бузург аст!
Ҷоннисорӣ намудан дар роҳи Ватану миллат яке аз хислатҳои наҷиби мардуми шарафманди мо буда, ин хислати наҷибона ҳанӯз аз аҳди бостонӣ аз ниёгони шарафмандамон барои мо боқӣ мондааст.
Таърих гувоҳ аст, ки Шераку Деваштичу Темурмалик Восеъву Садриддин Айниву Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратуллоҳ Махсум ва Бобоҷон Ғафуров ва садҳо дигарон манфияти миллӣ ва ҳифзи Ватанро аз ҷони худ ва манфиятҳои шахсиашон ҳамеша болотар медонистанд.
Дар пайравӣ аз аҷдодони сарафроз ва ба нангу орамон фарзанди ҷонфидои миллати тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар лаҳзаҳои мушкилтарини Ватани мо роҳбарии мамлакатро ба даст гирифтанд.
Бо иродаи Сардори давлат дар як муддати кӯтоҳ вайронаҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба ободӣ табдил ёфта, иншооти азим ба вуҷуд омадаанд, барои пайвастани тамоми гӯшаву канори мамлакат шоҳроҳи ваҳдат ба истифода дода шуда, бо кишварҳои дуру наздики хориҷӣ роҳҳои бузурги мошингард сохта шуданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари тозабунёд ва соҳибистиқлол буда, аз замони истиқлолияти хешро ба даст овардан дар ҳамаи соҳаҳо пайваста рушд ва тараққӣ кардаистодааст. То ин замон ҳамаи он ташаббусҳое, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст овардааст бо шарофати сиёсати созанда озмудашуда ва муваффақи пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Бузургтарин дастоварди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бешубҳа, барқарор кардани сохторҳои гуногуни ҳокимият давлатӣ, расидан ба сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон аст.
Лекин имрӯз дар минтақаи Осиё нооромӣ фаро гирифтааст. Ҷанги Афғонистон 15 феврали соли 2014 дар саросари қаламрави ҷумҳуриҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ 25-солагии аз хоки Афғонистон бароварда шудани Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ бо тантана таҷлил карда шуда буданд.
Зеро охирин сарбози шӯравӣ хоки ин сарзамини ҷангзадаро 15 феврали соли 1989 тарк карда буданд ва бо ҳамин ба иштироки аскарону афсарони шуравӣ дар муноқишаҳои дохилии ин кишвар, ки солњои зиёд идома ёфта буд, хотима бахшида буд.
Теъдоди маҳдуди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шуравӣ ба Ҷумҳурии Афғонистон бо хоҳиши роҳбарони ин кишвар, ки чандинкарата буд, моҳи ноябри соли 1979 дароварда шуд. Сарварони ҳизби халқии демократии Афғонистон бо ҳар роҳ мехостанд, ки аз дастовардҳои Инқилоби Савр, ки моҳи апрели соли 1978 сурат гирифта буд, дифоъ кунанд. Онҳо дар барномаи худ ташкили давлати сотсиалистии тарзи шӯравиро тарҳрезӣ карда буданд.
Дар давлати ҳамсоя имрӯз толибони хушхор давлати Авғонро таҳти назорат гирифта, ба халқи авғон золимӣ ва торумории пеша кардааст.
Рӯзе расад ки афғон Хуросон шавад, тоҷик шӯҳрати ҷаҳон шавад, олам гулистон шавад.
Дадоматов Д.Н.-мудири кафедраи баҳисобгирии бухгалтерии ДДҲБСТ
Қузибоева Б.М.-дотсенти кафедраи баҳисобгирии бухгалтерии ДДҲБСТ