ХОИНОН ХЕҶ ГОҲ БА МАҚСАД НАМЕРАСАНД

Мақсади асосии ТЭТ ҲНИ ва М. Кабирӣ аз сарнагун намудани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва халалдор намудани амнияти давлат иборат мебошад.

Кабирӣ, ки худ як хоин аст ва ҳамеша барои раҳгум кардани мардуми оддӣ низ кўшишҳои беҳуда менамояд. Дар ду се рўзе, ки дар Хоруғ бархе аз аҳолии шаҳр дар назди ҳукумат ҷамъшуда буданд Кабирии хоин ба воситаи шабакаи интернетӣ бо лофу дуруғгўиҳои худ чи қадар даъват ба амал меовард, ки мардуми бисёр ҷамъ гарданд то ки вазъ ноором бошад, хоинон ҳеҷ гоҳ ба мақсадҳои ғаразноки худ намерасанд. Имрўзҳо пас аз корҳои фаҳмондадиҳӣ ба мардуми дар марказ ҷамъ омада ҳама боз аз паи кору фаъолияти худ машғул гардидаанд, аммо аз сомонаҳои иҷтимои дида мешавад, ки боз ҳам ин хоинон  Кабириву Муҳаммадиқболи худ ҳатто дар Тоҷикистон нестанду ягон маълумот дуруст надоранд, аммо дар сомонаҳои расмии ТЭТ ҲНИ хабарҳои иғвогарона паҳн карда, барои сарнагун кардани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъватҳо менамоянд.

Ин аҳмакист ба фикри онҳо мардум ба суханҳои кадом кўрнамакҳо медароянду тинҷиву оромии сарзамине, ки зиндагӣ доранд вайрон мекунад баръакс мардум танҳои мехоҳад, ки Кабириву ба монанди ин дигар   ивғоргарон ҳарчи зудтар барои содир намудани ҷиноятҳои худ ҷазои худро бигиранд.

Пешвоён ва аъзоёни ТЭТ ҲНИ аз номи дини мубини Ислом, вале хилофи муқаррароти он баромад намуда, кўшиш ба харҷ додаанд, ки ваҳдати миллӣ, якпорчагӣ, соҳибихтиёрӣ ва амнияти ҷамъиятиро дар Тоҷикистон тавассути содир намудани амалҳои экстремистиву террористӣ халалдор созанд.

Имрўзҳо дар як чанд давлатҳои дунё  Афғонистон, Сурия, Ироқ ва ва дигар мардум аз сабаби набудани сулҳу субот, тинҷиву оромӣ мардуми бечораи ин кишварҳои ҷангзада  чи азобу машаққат кашида истодаанд, кўдакону занҳои бегуноҳ мурда рафатаанд.

Аз ин рӯ, бояд шукргузорӣ аз он намоем, ки Худованд баҳри мо чунин Ватани азизу маҳбуб ва ободу зебоеро ато намудааст, ки шабеҳ ба биҳишт мебошад. Бояд ҳамагӣ ба қадри талошу заҳматҳои Пешвои миллати худ ва замину фазову ҳавои меҳану сарзамини хеш бирасем ва ҳама ҳамдилу яктан гашта дар ободонии ин диёри ҳамешасабз ва хурраму ободу нозанин заҳмат ба харҷ диҳем.

Дар ин муддати хеле кўтоҳ баъди ҷанги бародаркушиву харобазор гардидани давлати азизамон  таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари маҳбуби мо дар эъмори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, таҳкими ваҳдати миллӣ, рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ба комёбиҳои назаррас ноил гардид. Ифтихор аз Роҳбари ин миллат, пешво ва доҳӣ, ки тавонист дар лаҳзаҳои душвори сиёсӣ ва иҷтимоӣ ҷилави ин аспи мастро, ки номаш бозии таърих аст, бигирад, то ин ки ин Ватан ва ин миллат порча-порча нашавад. Сиёсати хирадмандонаи ӯро дастгирӣ менамоем ва пос медорем он хизматеро, ки барои ин миллат намудааст.

 

Ҷалолов С.-мутахассиси шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи донишгоҳ

You might also like