Саҳми Пешвои миллат-дар сулҳу субот дар кишвар ва минтақа

Иштирок ва суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи 48-уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар моҳи сентябри соли 1993 барои кишвари мо оғози яке аз давраҳои муҳим дар ҷодаи пешбурди сиёсати байналмилалии он маҳсуб меёбад. Зимни суханронии худ дар ин ҷаласа роҳбари Давлати Тоҷикистон барои нахуст мавқеи ҷумҳуриро оид ба масоили доғи байналмилалӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ манзур намудаанд. Дар партави суханронии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баъдан борҳо аз минбари баланди СММ ва дигар созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ оид ба масоили муҳимтарини байналмилалӣ ва таҳдиду хатарҳо ва амнияти умумиҷаҳонӣ суханронӣ намуда, роҳи ҳалли онҳоро аз нигоҳи Тоҷикистон арзёбӣ намудаанд.

Пешвои миллат аз минбарҳои баланди созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ суханронӣ намуда, диққати ҷаҳониёнро ба масъалаҳое, ки доғи ҷомеаи ҷаҳон гардидаанд, ҷалб менамоянд. Аз ҷумла, ба масъалаҳои мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, кочоқи маводи мухаддир андешаҳояшро иброз медоранд ва ҷаҳониёнро даъват менамоянд, то бар зидди ин зуҳуроти номатлуб муборизаи беамон баранд.

Дар ҷаҳони имрўза терроризм ва экстремизм аз зумраи хатарҳое ҳастанд, ки мазмуну муҳтавои байналмилалӣ доранд ва ба кишварҳои пешрафтаи дунё таҳдид мекунанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ мубориза бар зидди терроризм ва экстремизмро яке аз ҳадафҳои асосии худ қарор дода, дар ин самт чораҳои заруриро андешида истодааст.

Мақомоти қонунгузории кишвар тибқи Конститутсия, як қатор санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқиро қабул намудааст, ки мутобиқи он сохторҳои давлатию ҷамъиятиро барои мубориза бар зидди ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистӣ дошта муваззаф гардонидааст.

Барои ҳалли ин масъала равона кардани неру ва фаъолияти тамоми сохтору мақомоти давлатӣ бо мақомоти ғайридавлатию худфаъолияти ҷамъиятӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд дар зеҳну шуури насли наврас ва ҷавонони мамлакат ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандўстӣ, ахлоқи ҳамида, эҳтироми падару модар ва калонсолон, сабру таҳаммул, омўзиши илму ҳунарҳои муосир, меҳнатдўстӣ ва риояи волоияти қонунро тарғибу таблиғ намудан лозим аст.

 

Ахмедов Н.И. -мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика ва пешгирии коррупсияи ДДҲБСТ

You might also like