ДАВРАИ ҶАҲОНИШАВӢ ВА ТАҲДИДИ ИТТИЛООТ

Мо дар замоне зиндагӣ дорем, ки ногузир бархурди тамаддун ва расму одатҳо сар мезанад. Ҳар қавму миллате, ки ҳифзи расму одат ва дини ниёгони худро пос медорад, метавонад аз ин бархурдҳо одатҳои миллии хешро ҳифз намояд.

Дар асри 21, ки асри иттилоот низ меноманд тамоми дунёро маълумотҳои электронӣ фаро гирифта шудааст, ки ин маълумотҳо аввал ва охир надоранд. Яъне ҳар як нафаре, ки мехоҳад, метавонад имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба воситаи кушодани шабакаҳои худ фикру ақидаи худро баён намояд. То андозае ин кор барои баъзе нафарон як манбаи даромад низ шудааст. Ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ нафароне ҳастанд, ки мардумро ба роҳи дуруст ва ё баръакс ба гумроҳӣ бурда истодаанд.

Аммо ин маънои онро надорад, ки дар баромадҳони онлайни худ кӣ чӣ хоҳад иброз дорад ва андешаи нопоки худро зикр намоянд. Андешаи инсон ҳосили тафаккур ва тарзи зиндагии ӯст. Ҳар афроде, ки тафаккури танг ва ҷаҳонбинии баста дорад, ба сухани дигарон бовар мекунад ва тез мавқеи худро аз даст медиҳад.

Таҳдиди иттилоотро бошад, мо рӯз аз рӯз бештар ҳис менамоем ва ин моро водор месозад, ки дар ин самт бетараф набошем.

Барои мисол яке аз хатарҳои асосӣ дар соҳаи иттилоот ин паҳн гардидани маводҳои зидди ақидаҳои мардумӣ аз ҷониби гуруҳҳои террористӣ ва ба воситаи он гумроҳ гардидани сокинон мебошад.

Барои мисол аъзоёни гурӯҳҳо террористӣ аз он ҷумла ҳизби террористии наҳзати ислом Муҳидин Кабирӣ, Муҳаммадиқболӣ Садриддин, Шарофиддин Гадоев ва дигарон, ки барои хоинӣ ва анҷом додани фаъолияти террористӣ аз Тоҷикистон гуреза гашта, дар давлатҳои хориҷӣ паноҳ гирифтаанд ҳоло ҳам аз мақсадҳои ғарази худ даст накашида, мехоҳанд бо ҳар роҳу восита, мардуми Тоҷикистонро ба гумроҳӣ бурда, ватанро ба доми ҷанг кашанд.

Дар умум, имрӯз гурӯҳҳои ифротгаро тавассути сомонаҳои интернетӣ таблиғи ақидаҳои ифротгаронаи худро моҳирона истифода намуда, ба сафи худ одамонро ҷалб мекунанд, ки ин раванд барои амнияти кишвар хатар ва паёмадҳои манфӣ дорад. Хатари аслии ин падида дар он аст, ки имрӯз базъе аз ҷавонони мо таҳти таъсири таблиғоти ифротгароён, ки дар минтақа қарор доранд ва мақсади асосиашон ноором сохтани вазъи сиёсии минтақа мебошад, мондаанд. Онҳо ба воситаи истифода аз дин ва эътиқоди динӣ барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ – ноором кардани вазъи сулҳу суботи кишвар амал менамоянд.

Албатта, халқи тоҷик мардуми бохирад ва дурбинанд. Ҳамеша дар мавриди баҳсҳои динӣ боандеша сухан меронанд. Дар мавриди дар сомона ҷо намудани  ҳар гуна тарғиботи динӣ пеш аз ҳама набояд фаромӯш кард, ки ҳоҷат ба тарғиб нест, зеро замоне зиндагӣ дорем, ки мардум мусалмонанду аз рукнҳои динӣ огоҳанд. Дар Тоҷикистони мо  нисбати дин ягон монеа вуҷуд надорад. Дари ҳамаи масҷидҳо боз аст.

Мардумро бо фиреб ва найранг ба доми бало гирифтор сохтани ҳизбҳои гуногуни динӣ маълум аст, ҳоҷати шарҳу эзоҳ нест, зеро мо солҳои 90-умро аз хотир фаромӯш насохтаем. Тоҷикистон дар охирҳои асри гузашта аввалин давлатест, ки бо террор ва террористон рӯ ба рӯ гардида, мардумаш сабақи хуби таърихӣ гирифта, имрӯз  ба ҳеҷ гуна сомонаҳову онлайнҳо бовар надорад.

Пешрафти техника ва технология ин маънои онро надорад, ки давлатҳо бо ҳам душманӣ варзанд,  баръакс мо дар замоне зиндагӣ дорем, ки ваҳдат ва ягонагиро тақозо дорад.

 

Раҳматова Д.А.  – дотсенти кафедраи  забони тоҷикии ДДҲБСТ

You might also like