АЗ ЗАМИНҲОИ ҚОНУНИАМОН ҲИМОЯТ МЕНАМОЕМ!

Тоҷикон халқи тоҷбарсар халқе, ки аз фарҳангу тамаддуни пyрғанoвати он давлатдорӣ ва соҳибмакону соҳибмартаба буданашонро куҳантарин ҳама давру замон бархурдор буданд. Халқе ки таърихи давлату ёдгориҳои бостонӣ далолат медиҳад ва ба инкори он ҳеҷ ягон мадраке асос шуда наметавонад. Халқе ки дорои таърихи 5000 сола буда, дар тӯли ин ҳама замон ба инкишофу такомули илму фарҳанг, тамаддуни инсонӣ кӯшидааст ва дар давраҳои гуногуни таърихӣ зулму ситам, фоҷиаву даҳшатҳои аҷнабиён ва бадхоҳоне ки бо чашми ҳасад ба дигар сарзаминҳо менигаранд рӯ ба рӯ гашта ҳамагуна ҳодисотро паси сар намудааст, инчунин дар ҷое бо қавмҳои гуногунтабор ва гуногунфарҳанг ба сар бурда ҳамзистиву ҳамкориро ба роҳ монда бар зидди иддае аз хусуматхоҳон муборизаи беамон бурдааст.

Таърих гувоҳ аст, ки халқи тоҷик дар ягон давру замон ба ҳеҷ як миллату давлат ва сарзамини бегона бо чашми бад нанигариста хислати таҷовузкориро дар худ напарваридааст. Боре ҳам ба ягон қавму миллати бегона ҳуҷум накардааст. Аз ҳамон даврони куҳани таърихӣ ки асрҳои 6-4-и пеш аз милодро дар бар мегирад дар сарзамини Осиёи Миёна паҳновар гашта ба баландтарин пояҳои давлатдориву тамаддунофари расидааст. Миллати боору нанги тоҷик дар ҳама марҳилаҳои таърихӣ барои ҳифзу нигаҳдории ҳуввияти миллӣ, анъанаву арзишҳои пурғановату пурқимати аҷдодони хеш бо зиёд қавму қабилаҳо халқиятҳои гуногун даст ба гиребон шуда, барои якпорчагии сарзамини хеш ҷонисориҳои шоиста намудаанд. Бо гузашти давраҳо дар натиҷаи бархӯрдҳои гуногун давлатдори миллиашонро аз даст дода дар зери мустамликаҳои аҷнабиён монда, сарзамини паҳновари хешро порча порча тақсим намуданд, аммо ба ин ҳама нигоҳ накарда миллати тоҷик доимо дар талош буд, ки истиқлолияти миллии хешро ба даст оварад. Ҳамчунин ҳам шуд, мо тавонистем баъди чандсадсолаҳо соҳиби давлати мустақил бошем ва ин гавҳари арзишмандтаринро ба осонӣ ба даст наовардаем ва барои якпорчагии кишвари маҳбубамон бо қимати ҷони хеш талош намудем ва дар оянда талош хоҳем намуд.

Имрӯзҳо дар кишвари кӯчаке ки мардумаш дар як фазои сулҳу амони бо шукргузорӣ аз истиқлоли давлатӣ умр ба сар мебарад ва ҳеҷ як нияти баде ба ягон сарзамин надорад, баръакс хоҳони дӯстиву рафоқат бо дигар кишварҳои дуру наздик аст, мутаассифона бадхоҳони ин кишвар зиёданд, ҳатто кишвари ҳамсоя ки тӯли солҳои зиёд бо ҳам дар муносибатҳои дӯстона ба сар мебурдем имрӯз барои ғасб ва соҳиб гаштани сарзамини мо дар талош аст ва барои ин нияти хешро амалӣ кардан тамоми чораҳои заруриро меандешад. Албатта ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо кишвари ҳамсояи хеш Ҷумҳурии Қирғизистон муносибати душманонро хеҷ вақт намехоҳад ва кӯшиш ба он дорад, ки баҳсе ки миёни ин ду кишвар оиди заминҳои якпорчагии кишвар аст бо гуфтушуниди дӯстона ҳалу фасл намояд, аммо ин ҳосиле ба бор наовардааст. Тамоми муҳаққиқону коршиносони номии тоҷик барои исботи он ки заминҳое ки баҳс дар миён аст, заминҳои қонунии Тоҷикистон мебошад, далелу исботҳои раднашавандаро ба кишвари Қирғизистон пешниҳод кардааст. Яке аз далелҳои асосие ки аз ҷониби коршиноси номии тоҷик Абдуллои Раҳнамо пешниход шудааст, дар мақолаи ӯ бо номи “Мавқеи Тоҷикистон. Ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест” омадааст. Дар он тамоми далелҳои қонунӣ оиди заминҳои Тоҷикистон ва хатти сарҳадии он оварда шудааст, ки дар он ба таври возеҳу равшан заминҳои қонунии Тоҷикистон будани 211 ҳазор гектар замин исбот шудааст.

Кишвари Қирғизистон барои рад кардани далелу исботҳои Тоҷикистон аз ҷониби худ ҳуҷҷатҳоеро ба миён меорад, ки онҳо ягон  мақоми ҳуқуқиро доро намебошанд ва барои муайян кардани хати сарҳадӣ расмияти давлатӣ наёфтаанд. Мисоле ки Абдуллои Раҳнамо дар мақола зикр намудааст: «Ҷониби Тоҷикистон дар музокироти сарҳадӣ ҳамчун ҳуҷҷати муайянкунандаи сарҳадӣ байни ҷумҳуриҳо истифода шудани онҳоро дуруст ва қонунӣ ҳисоб намекунад».

Санаде ки кишвари Кирғизистон ба он такя мекунад, яъне ҳамчун “ҳуҷҷати такягоҳӣ” меҳисобад – “Созишнома дар бораи таъсиси Иттиҳоди Давлатҳои Мустакил» аз 08.2.1991 мебошад. Кишвари Кирғизистон даъво бар он дорад, ки дар вақти бастани шартнома ҳарду кишвар доир ба хати сарҳадии давлатҳо розӣ буда, набояд оиди ин масъала дубора баҳс пайдо шавад. Аммо дардовараш дар он аст, ки баҳс доир ба масоҳати хурдакаке намеравад, заминҳои ғаcбнамyдаи кишвари Қирғизистон 211000 гектарро ташкил мекунад, ки инҳо заминҳои қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Дар инҷо суоле ба миён меояд, ки чаро баъди бастани «Созишнома дар бораи таъсиси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил” ва муайян будани хати сарҳадии давлатҳои узви он Қирғизистон заминҳои иҷоравие ки дар водии Олой, ки дар замони фурӯпошии ИҶШС ва таъсиси ИДМ дар ихтиёри Тоҷикистон буд, ва ҳудуди 50 000 гектар ташкил медод талаб ва бозгардонии онҳоро талаб намуд ва кишвари Тоҷикистон соли 2004 ин заминҳои иҷоравиро бо як тантаи хоса баргардонид. Бе ягон баҳсу инкор, пас чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳақ надорад, ки оиди заминҳои қонуниаш талаб пеш наорад?  Магар инро адолат метавон гуфт? Қирғизистон ҳарчи бештар кӯшиш ба он дорад, ки вазъияти ин мубоҳисаро мураккабтар намояд ва ба баргардонидани заминҳо тамоман розӣ нест.

Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда халқи тоҷик то ба даст овардани заминҳои қонунии хеш дар талош хоҳад буд. Мо барои як порча замини аҷдодии хеш ва мудофиаи он ҷонисор хоҳем буд ва намегузорем, ки ин кишвари кӯчаке ки бо ин ҳама душвориҳои зиёд бино намудем ба осони порча порча тақсим намуда ба фано диҳем. Мо то охир дар талаби заминҳои ки ҳақиқӣ ва қонунии мо аст мемонем ва сиёсате, ки Ҳукумати кишвар доири баргардонидани заминҳо дорад пуштибонӣ мекунем. Моро мебояд бетафовут набошем ва бо ҳисси баланди ватандӯстиву меҳанпарастӣ аз ҳар як порчаи кишвари азизу ба ҷон баробарамон ҳифз намоем. Ҳар як фарди боору нанги миллат бояд бо дарки амиқе, ки халқи мо ҳақи қонунии хешро талаб дорад пайгири ин масъала бошад, зеро бетарафӣ ва беэътиноӣ оқибати бад дорад ва он метавонад сабаби парокандагии миллату давлат гардад.

 

Нурализода О. Д. – донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси 1-23.01.06.01 – сиёсатшиносӣ

You might also like