БАЁНИ ЧАНД АНДЕША РОҶЕЪ БА МАҚОЛАИ АБДУЛЛОҲИ РАҲНАМО

Тоҷикон аз азал чун қавму миллати соҳибтамаддуну фарҳангсолор, сулҳҷўву сулҳхоҳ ва ҳунарманду адабиётдўст миёни халқиятҳои дигар нуфузу мавқеи хосаро соҳиб буд ва пас аз пош хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибистиқлол гардид ва имрўзҳо дар тамоми ҷаҳон Тоҷикистонро ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мешиносанд.

Мутаассифона низои байни Тоҷикистон ва Қирғизистон инак наздики сад сол идома дорад, дар солҳои охир моҳияти боз ҳам мураккабу муташанниҷ гирифтааст, ки ҷанге, ки моҳи сентябри соли 2022 дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рух дод далели ин гуфтаҳост. Дар ин ҷанг мардуми осоиштаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам зарари моддӣ ва ҳам маънавӣ диданд, ки қирғизҳо ҳаёти мардуми осоиштаро хароб сохта, ба сўи одамон, асосан ба занону кўдакон тирпарронӣ намуданд, ки ин амалро наметавонад инсон анҷом диҳад.

Ба гуфтаи Абдуллоҳи Раҳнамо мувофиқи ҳуҷҷатҳои расмии муайянкунандаи сарҳади байни ин ду кишвар, имрўз ҳудуди 211 000 гектар замини қаламрави қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ихтиёр ё истифодабарии Ҷумҳурии Қирғизистон қарор дорад. Тибқи ҳамин санадҳои расмӣ ин заминҳо, ки ҳамчун «қитъаҳои баҳсӣ» ёдоварӣ мешаванд, ҳоло 84 000 га замин дар мавзеи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров (асосан аз ҳисоби ҷамоати Хистеварз ё Қистакўзи собиқ), 56 000 гектар замин дар ноҳияи Кўҳистони Масчоҳ (асосан минтақаи ҷангалзори Андарак), 61 000 гектар замин дар ҳудуди шаҳри Исфара (асосан аз ҷамоатҳои Сурх, Чоркўҳ ва Ворух), баъзе қитъаҳои нисбатан хурди дигар дар ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Спитамен ва ғайраро дар бар мегиранд.

Барои тасаввури дақиқ дар бораи миқёс ё паҳнои ҷуғрофии баҳс, 211 000 гектар ва ё 2110 километри мураббаъ замин тахминан ба ҳудуди якҷояи шаҳрҳои Исфара, Конибодом, Хуҷанд (бо назардошти тамоми ҳудуди маъмурии деҳоти онҳо) ё тахминан беш аз ДАҲ ҲУДУДИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ бо афзудаҳои нави атрофаш баробар аст! Яъне дар ин баҳс сухан дар бораи чунин минтақаи азим меравад.

Ин заминҳо, ки қаламравии қонунии Тоҷикистон ҳастанд, дар тўли ҳудуди 90 соли охир бо роҳу воситаҳои гуногун, ки шарҳаш меояд, ба ихтиёри Қирғизистон гузашта, ҳоло амалан аз тарафи ин кишвар идора ва истифода мешаванд.

Бинобар ин, Тоҷикистон сарҳадҳои давлатии худро дар асоси ҳуҷҷатҳои расмии муайянкунандаи сарҳади ду давлат мушаххас карда, АЗ ҚИРҒИЗИСТОН ТАЛАБ ДОРАД, КИ ЗАМИНҲОИ АЗ ҲИСОБИ ҲУДУДИ ТОҶИКИСТОН ДАР ИХТИЁРИ ХУД ДОШТАРО БАРГАРДОНАД.

Албатта, Тоҷикистон ҳуқуқ дорад, ки заминҳои худро талаб намояд, зеро ҳуҷҷатҳое мавҷуд ҳастанд, ки собит месозанд ин заминҳо аз они Тоҷикистон аст (Ҳуҷҷатҳои солҳои 1924 – 1927 ва 1932).

То имрўз дар ин масъала байни ду кишвар беш аз 100 мулоқоту гуфтугўи сатҳҳои гуногун сурат гирифта, аз наздики 990 км хатти сарҳадӣ дар бораи беш аз 602 километр ё ҳудуди 61% аз он тасвири лоиҳавӣ таҳия ва аз ду тараф мувофиқа гаштааст. Аммо тибқи изҳори Вазири корҳои хориҷии ҶТ аз 23.09.2022, ҷониби Қирғизистон аз имзо ва расмият бахшидани мувофиқаи ҳосилшуда дар бораи ин бахш аз сарҳадҳои давлатӣ (61%) низ худдорӣ менамояд. Омода будани созишнома дар бораи ин бахши марзҳо, гузаштани расмиёти дохилидавлатии он дар Тоҷикистон, омодагии Тоҷикистон барои имзои он ва «бо сабабҳои ба ҷониби Тоҷикистон вобастанабуда» то имрўз ба имзо нарасидани ин ҳуҷҷат дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқот бо сокинони ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара аз 09.04.2021 низ садо дода буд…

Аммо дар 39%-и боқимондаи хатти сарҳадӣ феълан вазъияти печидаву муайянношуда идома дорад. Дар ин қитъаҳо бо сабабҳои баҳсӣ боқӣ мондани масъалаҳое чун истифодаи оби нўшиданиву полезӣ, замини истиқоматию кишоварзию чарогоҳ, роҳу пулу гузаргоҳ, хатти барқу захираҳои табиӣ ва ҳатто қабристон ҳар гоҳ байни сокинон ихтилофу низоъҳо сар зада, солҳои охир моҳияти хунин мегиранд. Дар чунин вазъият, риоя нашудани қарордодҳои ҷузъии дуҷониба дар бораи мақом ва истифодаи қитъа ва иншооти мушаххаси наздисарҳадӣ, ки дар солҳои охир ба имзо расидаанд, вазъиятро боз ҳам печидаву ноустувортар мегардонад. (Намунаи ахири он соли 2021 аз созишномаи соли 2006 дар бораи иҷораи замин баромадани Қирғизистон аст, ки эътимоди байнисарҳадиро амалан аз байн мебарад.)

Қонуни нави ин кишвар, ки 20-уми октябри соли 2022 қабул гашт, ҳатто мусаллаҳкунии саросарии сокинони ин деҳаҳои амалан ғайриқонуниро пешбинӣ мекунад. Ин Қонуне, ки Ҷумҳурии Қирғизистон қабул намудааст ба ҷойи осон намудани ҳалли масъала, баръакс онро мушкил мегардонад, зеро мусаллаҳкунии сокинон ба мантиқ дуруст намеояд.

Санадҳое, ки дар солҳои гуногун байни шахсони алоҳида, ҷамоатҳо, хоҷагиҳо, шаҳру ноҳияҳо, комиссияҳо ва ғайра дар бораи истифодабарии муваққатӣ ё ҳатто, доимии заминҳо ҳосил шудаанд ва расмиёти тасдиқи давлатӣ ва байнидавлатиро нагузаштаанд, наметавонанд ҳамчун «ҲУҶҶАТИ МУАЙЯНКУНАНДАИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ» эътироф шаванд.

Тавре зикр шуд, дар гуфтугўҳои марзӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон ҷониби Тоҷикистон танҳо ҳуҷҷатҳоеро асос қарор медиҳад, ки тамоми марҳилаҳои расмиёти давлатӣ ва байнидавлатиро гузашта, ҳамчун ҳуҷҷати муайянкунандаи сарҳади байни ду давлат эътироф шуда бошанд. Ин аст, ки Тоҷикистон дар музокироти марзӣ маҳз ба «ҲУҶҶАТҲОИ СОЛҲОИ 1924-1927 ВА СОЛИ 1932» такя мекунад.

Агар ба саҳифаҳои таърих бингарем Ҷумҳурии Қирғизистон то 15-уми апрели соли 1927 ҳамчун вилояти мухтор ва то 5-уми декабри соли 1936 ҳамчун ҷумҳурии мухтор ба таркиби Федератсияи Русия дохил мешуд. Бинобар ин, ҳангоми гирифтани мақоми ҷумҳурии иттиҳодӣ (соли 1936) ин ҷумҳурӣ дар ҳамон сарҳадҳои тасдиқгаштаи солҳои 1924-1927 ва соли 1932 ташкил шудааст.

Яъне, сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳануз дар давраи ҳамчун воҳидҳои худмухтор дар таркиби Ўзбекистон ва Русия буданашон ба расмият дароварда шудааст. Қисмати сарҳад дар минтақаи Хуҷанд бошад, ҳануз дар соли 1929 дар давраи аз таркиби Ўзбекистон ба Тоҷикистон гузаронида шудани он расмият ёфтааст ва дар раванди интиқол сарҳади он бо Қирғизистон (Русия) нисбат ба сарҳади муайяншудаи Русия ва Ўзбекистон тағйир наёфтааст.

Албатта, ҳуҷҷату бойгониҳо нишон медиҳанд, ки пас аз тасдиқи сарҳадҳои расмию қонунӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон (Ўзбекистон ва Русия) дар соли 1925, дар натиҷаи дархости қирғизҳо боз чанд мавриди аз ҳисоби заминҳои қонунии Тоҷикистон (!) ба ҳудуди Қирғизистон дода шудани минтақаҳои алоҳида пеш омаданд. Аз ҷумла, дар ин раванд:

1.Бо Қарори Президиуми Кумитаи Иҷроияи Марказии ИҶШС аз 10-уми сентябри соли 1926 ноҳияҳои Баска-Исфана ва Чапкулук бо масоҳати умумии 180 ҳазор гектар ба Қирғизистон дода шуданд.

  1. Бо Қарори Президиуми Кумитаи Иҷроияи Марказии ИҶШС аз 8-уми июни соли 1927 ҳавзаи ангишти Сулукта бо масоҳати 14 ҳазор гектар ба Қирғизистон дода шудааст.

3.Бо Қарори Президиуми Кумитаи Иҷроияи ҶШС Тоҷикистон аз 1-уми январи соли 1932 ҳудудҳои ҷамоати Замбуруч, аз ҷумла деҳаҳои Замборуч, Ҷар, Ҷизгон ва Чўянчӣ бо масоҳати умумии 15 ҳазор гектар ба Қирғизистон дода шудаанд.

Албатта, чун дар бораи ба Қирғизистон гузаштани ин се қитъаи мушаххас ҳуҷҷатҳои расмии сатҳи Иттиҳоди Шўравӣ мавҷуданд, дар сурати асос қарор додани ҳуҷҷатҳои ин давра, ҷониби Тоҷикистон нисбат ба онҳо даъво ба миён намегузорад.

Дар ин давра (соли 1932) ҳамчунин минтақаи нисбатан хурд, яъне деҳаи Самарқандаки шаҳри Исфара аз Тоҷикистон ба Қирғизистон дода шуда, дар ивази он деҳаи Санҷидзори шаҳри Конибодом аз ҳудуди Қирғизистон ба Тоҷикистон гузаронида шудааст, ки он низ дар асоси тавофуқи дуҷонибаи сатҳи давлатӣ сурат гирифтааст. (Ба даст оврадани ҳуҷҷати ин табодул низ ҷолиби диққат мебуд.)

Аммо дар бораи минтақаҳои баҳсӣ ё амалан ғасбшудаи дигар, аз ҷумла ҷангалзори Андараки ноҳияи Кўҳистони Масчоҳ бо масоҳатӣ 56 ҳазор га, бахше аз минтақаи Хистеварзи ноҳияи ҳозираи Бобоҷон Ғафуров бо масоҳати 84 ҳазор га ва минтақаҳои баҳсии шаҳри Исфара бо масоҳати умумии 61 ҳазор га ягон ҳуҷҷати расмии қонунӣ вуҷуд надошта, тибқи тақсимоти миллию ҳудудии солҳои 1924-1927 ин қитъаҳои калон маҳз ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ доранд.

Бо истиқлоли давлатӣ ёфтани Тоҷикистон ва Қирғизистон, аз соли 1991 баҳси сарҳадӣ низ ба марҳилаи комилан нави худ ворид шуд.

Тамоми ин 211 000 га замин, ки ҳоло болои он баҳс меравад, қаламрави қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар ин баҳс Тоҷикистон ба сифати соҳиби замин ва талабкунандаи ҳаққи қонунии худ баромад мекунад. Аммо ҷониби Қирғизистон дар ин баҳс кишварест, ки аз баргардондани заминҳои қонунии кишвари ҳамсоя худдорӣ менамояд.

Ин 211 000 гектар замин аз назари ҳуқуқӣ сад дарсад ба Тоҷикистон таллуқ доранд ва аз назари Тоҷикистон ҳаргиз «қитъаҳои баҳсӣ» нестанд. Тавре дида шуд, тамоми ҳуҷҷатҳои расмии таърихӣ ба Тоҷикистон тааллуқ доштани ин заминҳоро исбот мекунанд. Аммо, дар айни замон, ин заминҳо ҳоло бо сабабҳои гуногуни зикршуда дар ихтиёри Қирғизистон мебошанд.

Ман ҳамчун ҷавондухтари факултети ҳуқуқшиносӣ ақида дорам, ки мувофиқи мақсад мебуд агар Ҷумҳурии Қирғизистон заминҳое, ки ба Тоҷикистон дахл дорад бармегардонд, зеро Тоҷикистон мехоҳад танҳо заминҳои қонунии худро баргардонад ва ягон даъвое нисбат ба ягон порча аз қаламрави Қирғизистон надорад ва дар ин низоъ ҳақиқат ва адолат пурра бар ҷониби Тоҷикистон аст.

 

Мо, тоҷикон, як оламем,

Ҷамъу парешон бо ҳамем.

Дар ин замини файзбор,

Аз файзи меҳраш хуррамем.

Эй Тоҷикистон ҷони мо,

Эй марзи пурэҳсони мо,

Ту хонаи умеди дил,

Ҳам қиблаи имони мо.

Мо ба рафоқат зиндаем,

Мо бо садоқат зиндаем.

 

Мирпоччоева М. И. – донишҷўи курси 3-юми ихтисоси 1-24.01.02-ҳуқуқшиносӣ

You might also like